Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар кафедраи стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия
21-уми ноябр дар МТИК “Стоматология”-и Донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки коромандони Марказ, омӯзгорони кафедраи стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия, кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ ва стоматологияи ортопедӣ чорабинӣ баргузор гардид.
Нахуст, директори МТИК “Соматология”, номзади илмҳои тиб Одинаев И. иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, аз аҳамияти сиёсии ин рӯз сухан намуд.
Сипас, мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ, номзади илмҳои тиб Ёраков Ф., мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ, номзади илмҳои тиб Зарипов А.Р., дар бораи Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, мудири кафедраи стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия Абдураҳмонов А.З. дар бораи аҳамият ва таърихи пайдоиши Парчами давлатӣ чунин гуфт:
“Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 254 аз 12-уми майи соли 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-уми ноябри соли 2010 рангҳои Парчами давлатиро “Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ донистаанд:
“Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишони сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.”
Аз фурсати муносиб истифода намуда, устодон, ҳамкасбон, шогирдон ва кулли ҳамватанонро ба ин санаи фараҳбахш - 24 ноябр табрику таҳният мегӯям. Бигузор сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар Ватани азизамон ҷовидона бошанд.
Абдураҳмонов А.З.,
номзади илмҳои тиб, мудири кафедраи
стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия