ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
Имрӯз, 21.11.2023 дар толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо, директори Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдори Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои филология Амирбекзода Назира, роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Чорабиниро ректори Донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид, сипас, Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод, ки дар замири ҳар як иштирокчӣ бори дигар эҳсоси баланди ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддастои давлатиро бедор намуд.
Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ оид ба асолати таърихиву моҳияти имрӯзаи Парчами давлатии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, аз ҷумала, таъкид карданд, ки: «Ниёгони арҷманди мо ҳазрсолаҳо таҳти Парчами худ саф кашида, Ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳангро ҳимоя кардаанд». Зимни баромади мавсуф зикр гардид, ки халқи тоҷик Парчами давлатии хешро ба унвони яке аз рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ қабул карда, дар зери ҳамин Парчам дар арсаи олам шинохта шудааст. Парчами давлатии Тоҷикистон дар худ соҳибихтиёрӣ, соҳибистиқлолӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву хештаншиносӣ, тамоми аркони давлатдории миллӣ ва ормонҳои халқи номвари тоҷикро ифода менамояд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ меҳмонон дар робита ба нақши Парчами давлатии Тоҷикистон дар баёни ормонҳои ҳазорасолаи халқи тоҷик ва соҳибихтиёрии Тоҷикистони соҳибистиқлол, асосҳои конститутсионию ҳуқуқии истифода ва ҳифзи Парчами давлатии Тоҷикистон андешаронӣ карданд. Зимни баромади судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо масъалаҳои аҳамиятнокии Парчами давлатии Тоҷикистон дар низоми давлатдории халқи тоҷик ва низоми ҳуқуқии мамлакат, танзиму ҳифзи он бо асосҳои ҳуқуқӣ мавриди шарҳ қарор дода шуд. Муқаррар гардидани меъёри мушаххас оид ба рамзҳои давлатӣ, бахусус, Парчами давлатии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабулу дар амал татбиқ гардидани қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатӣ далели эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва пояндагиву ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатӣ муайяну муқаррар шуда, бо асосҳои қонунгузорӣ танзиму таҳким ва ҳифз карда мешавад. Имрӯз дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007, №254 амал мекунад ва муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба истифодаву ҳимояи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд. Тартиби тайёр намудани рамзҳои давлатӣ, хоса, Прачами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои зерқонунӣ, ки Қонуни мазкурро пурра менамоянд, амалӣ карда мешаванд. Тибқи талаботи Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №659 тасдиқ шудааст, Парчами давлатии Тоҷикистон сарфи назар аз андозаи он тибқи талаботе, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 марти соли 2007, № 499 тасдиқ шудааст, тайёр карда мешавад.
Директори Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдори Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои филология Амирбекзода Назира дар баромадашон масъалаҳои нақши Парчами давлатии Тоҷикистон дар иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ, инчунин, инъикоси ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷикон дар ҷилои рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистонро шарҳ дода, қайд намуд, ки: «Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдорӣ ба ифтихори дастоварду музаффариятҳои фарзандони далеру ватандӯсти миллат дар майдонҳои варзишӣ ва дигар ҳамоишу мусобиқоти ҷаҳонӣ баробари садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло мешавад ва барафрохта шудани он дар замири ҳар фарди ватандӯсту худшинос эҳсоси пирӯзиву садоқатмандӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллию рамзҳои давлатиро бедор месозад».
Маврид ба қайд аст, ки бо азму иродаи қавии халқи тоҷик таҳти сарварии роҳабари оқилу дурандеш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе боғи «Парчами миллӣ» таъсис дода шуда, дар он Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 165 метр, дарозиаш 60 метр ва бараш 30 метр барафрохта шудааст.
Дар чорабинӣ зимни баромади меҳмонону омӯзгорон вобаста ба решаҳои таърихии оини парчамдории халқи тоҷик ишораҳо шуда, арзёбӣ гардид, ки аз қадим то кунун Парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд. Дар замони муосир бошад, парчамдорӣ нишонаи соҳибихтиёриву соҳибистиқлолии миллату давалатро ифода менамояд.
Имрӯз роҳбарият ва тамоми омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар партави дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати пешгирифтаи сарвари оқилу дурандеш, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судман меандешанд. Бо мақсади боло гардидани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, ифтихор аз муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва хотирмон таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳ чорабиниҳои гуногуни маърифативу сиёсӣ ташкилу баргузор шуда истодааст. Баргузор намудани чунин суҳбату музокира бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён ба боло рафтани эҳсоси ватандӯстию худшиносии миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии миллат мусоидати фаъол менамояд. Имрӯзҳо дар гирду атроф ва дохили биноҳои маъмурию таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Парчами давлатӣ гузоштаву овезон карда шудааст, ки дар тантанаҳои ҷашнӣ ба Донишгоҳ ҳусни зебоии дигарро зам менамояд.
Ҳамин тавр, ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Парчами он муаррифӣ мегардад. Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо халқи бостонию шарафмандаш дар зери Парчами давлатии Тоҷикистон барои фатҳи қуллаҳои баланди пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор мегузорад. Халқи тоҷик дар даврони Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои бузури давлатдорӣ, корномаҳои беназири сулҳофарӣ, иштироки сарбаландонаву муваффақона дар чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ дар бахшҳои гуногуни сиёсату иқтисод, иҷтимоиёту фарҳанг, варзиш ва равобити сулҳҷӯёнаи байналмилалӣ тавассути боло гардидани Парчами давлатии Тоҷикистон муаррифии шоиста гардидааст, ки ин мояи ифтихори миллати соҳибтамаддуни тоҷик мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон далели давлати пояндаи тоҷикон ва рамзи ифтихори миллати сулҳофари тоҷик аст. Лиҳозо, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллию рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла, Парчами давлатии Тоҷикистон маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба дастовардҳои бузурги халқи тоҷик, тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои давлату миллат мебошад.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигори Хадамоти ректор