ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!


ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳар як давлати соҳибистиқлол соҳиби муқаддасоти миллии худ аст, аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳам дорои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад. Дар забони тоҷикӣ мафҳумҳои «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ ба вуҷуд омадаанд.

Парчамдориву парчам бардории халқи мо таърихи қадима дошта, аз аҳди бостон то имрӯз давраи тӯлониро тай намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд. Вобаста ба парчамбардории ниёгони абарқудрати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон, бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ, қайд намуда буданд, ки: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақшгардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нирӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузур гёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Пайдоиши Парчамро дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ҳамчунин Абурайҳони Берунӣ ба муборизаи Коваи Оҳангар ба муқобили зулму истибдод ва таъмини адолату зиндагии осоишта мансуб медонад. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи Коваи оҳангар оварда шудааст. Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд. Имрӯз тасвири «Дирафши ковиён» дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, ки он ифодагари рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.

Дар таърихи 29 октябри соли 2009 дар конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷиб пешниҳод гардид, ки 24 ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад. Бо мақсади амалӣ намудану асоси ҳуқуқӣ бахшидан 3 ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ворид намудани илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва 19 ноябри ҳамон сол Парламенти Тоҷикистон онро тасдиқ кард.

Бояд қайд намуд, ки ин инқдоми наҷибу неки сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон аз ҳар як сокини кишвар ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулиятро тақозо намуда, насли ҷавони имрӯзаро дар руҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд.

Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.

Бигзор партавфишонии Парчами давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳисси ифтихор аз ватандории тоҷикони ҷаҳон бошаду, аҷргузорӣ ба ин муқаддасоти ватани соҳибистиқлол қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо гардад.                                                      


Ибрагимов А. Ф. -ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии №3


21.11.2023 12737

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php