ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР КАФЕДРАИ ТАЪЛИМИ АСОСҲОИ БЕМОРИҲОИ КӮДАКОНА


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР КАФЕДРАИ ТАЪЛИМИ АСОСҲОИ БЕМОРИҲОИ КӮДАКОНА

Парчами Тоҷикистон ин рамзи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабул ва расман тасдиқ карда шудааст. Парчами – байрақи Тоҷикистон иборат аз рангҳои сурх (аз ҳама боло), сафед (дар мобайн) ва ранги сабз (аз ҳама поён) мебошад, ки таносубашон мутаносибан 2:3:2. мебошад. Дар байни парчами Тоҷикистон расми тоҷи тиллоии дорои 5 қуллаи нимдавраи ситорадор ҳаст. Тоҷ ва нимдавраи ситорадор ба росткунҷа мувофиқ омадаанд, ки дарозиаш ба дарозии ранги сафеди байрақ баробар аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад ва рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тансиқ шуда, дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2-и рахи сафед васл мегарданд.   

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои маҷлисҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), ҳамчунин дар хонаҳои (кабинетҳои) кории Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва хонаҳое, ки вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобкунандагонро доимо қабул мекунанд, ҷойгир карда мешавад.

Гузаронидани “Рӯзи Парчам” дар МДТ «ДДТТ ба номи Абўали ибни Сино» ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола дар кафедраҳо ва соҳторҳои ин боргоҳи хирад бо арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Аз санаи 16 то 22-юми ноябри соли 2023 тањти роњбарии муаллими калони кафедра Кадирова М.Р. ва ассистентон - Ашурова Н.П. ва Разоқова К.Р. дар кафедраи таълими асосњои беморињои кўдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абуалї ибни Сино» чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки дар ин чорабини кормандони кафедра ва донишљўёни курси 3-юми факултетҳои педиатрї ва тиббӣ иштирок намудаанд.

Дар чорабиниҳои мазкур устодон ва донишҷӯён оид ба таърихи парчамдории тоҷикон, моҳияти арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани фарҳангу ҳуввияти миллӣ суханронӣ намуданд.

 

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


21.11.2023 405

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php