ПАРЧАМ РАМЗИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ


ПАРЧАМ    РАМЗИ  ПОЙДОРИИ  ДАВЛАТ

Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва давлатдории гузаштаи тоҷикон. Инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва   ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Вожаҳои “парчам”, “ливо” “дирафш” дар ҳар давру замон ба ҳар гуна шакл вале як мазмун ва муҳтаво истифода мешуданд. Ин калимот ифодагари рамз ва нишонгари мазҳари маданият ва тамаддуну одатҳои мардумони ин ё он марзу бум ба ҳисоб мерафтанд. Таърих гувоҳ аст, ки дирафш ё парчам аз замонҳои бостон дар набарду рамзҳои забткориюа фатҳи сарзаминҳо ва ҳимояи марзу буми Ватан бештар аз тарафи сарлашкару фармондеҳони қушунҳо истифода карда мешуданд ва ҳар як давлатро маҳз бо нишону парчамаш мешинохтанд. Ҳамчунин, Парчам ҳамчун рамзи ифодагари   дастҷамъӣ, муттаҳидӣ, ягонагӣ дар лаҳзаҳои ҳасос ва ҳалкунандаи тақдири ин ё он қавму мардум ба шумор рафта, бо гузашти айём ончунон мавқеи устувор касб кард ки имрӯз ҳеҷ як давлатеро наметавон бидуни Парчамаш тасаввур кард. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам, маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишу муқаддастҳои таърихӣ, фарҳангиву маънавии миллӣ ва давлату давлатдорӣ мебошад.

24 ноябри соли 2009 бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта шуд. 30 августи соли 2011 дар Душанбе парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр аст ва баландтарин пояи парчами давлатӣ дар мамолики ҷаҳон мебошад (хамчун рекорди Гиннес сабт шудааст).

Гузаронидани “Рӯзи Парчам” дар МДТ «ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино» ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола дар кафедраҳо ва соҳторҳои ин боргоҳи хирад бо арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин, дар   дар кафедраи беҳдошт ва экология бахшида ба Рӯзи Парчам чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки муҳассилин ва устодони кафедра гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯён оид ба таърихи парчамдории тоҷикон, моҳияти арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани фарҳангу ҳуввияти миллӣ суханронӣ намуданд.

 

Ҷумаева М.И. -ассистенти кафедраи беҳдошт ва экология


21.11.2023 581

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php