МАРҲИЛАҲОИ РУШДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


МАРҲИЛАҲОИ РУШДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аз ҳамон рӯзе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёр гардид, зарурияти қабули Конститутсияи нави ҷумҳурӣ ва қонунӣ гардонидани дастовардҳои истиқлолият ба миён омад. Зеро қонунҳои дигари мамлакат бояд дар асоси он омода ва қабул карда мешуд.

Таърих ва рушди давлатдории халқи тоҷик дар давраи Шуравӣ ва ба расмият даромадани ҳуқуқи конститутсионии он аз таърихи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ ҷудонопазир аст. Дар шаҳру ноҳияҳои ҳозира вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузариш ба низоми ҳуқуқии инқилобии Шуравии Сотсиалистӣ баъди паҳн кардани ҳокимияти Шуравӣ дар минтақаи мазкур имконпазир гардид. Лекин барои амалӣ намудани ин иқдом Ҳокимияти Шуравӣ аввал аморати Бухороро сарнагун карда, низоми мақомоти давлатии онро дар марказ ва маҳалҳо бекор намуд. Ин иқдом дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза нисбат ба дигар минтақаҳои Осиёи Миёна дер давом кард.Зеро ки неруҳои муқобил аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба инҷо ҷамъ гардида, ба таври муташаккилона ба аскарони сурх муҳориба карданд. Бо ин сабаб чандин соли аввал Ҳокимияти Шуравӣ дар ин минтақа ба ном вуҷуд дошт.Дар асл идоракунии ҳарбӣ дар инҷо тавассути Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ (ЧДК) ва Кумитаи инқилобӣ ( ревкомҳо) ба роҳ монда шуда буд. Вобаста ба ин омилҳо, реҷаи қонунияти инқилобӣ бо мазмуни хоси он дар ин ҷо то дер ҳукмрон ва гузариш ба қонунияти сотсиалистӣ кашол ёфта буд.

Раванди гузаштан ба низоми ҳуқуқии шуравии сотсиалистӣ дар Тоҷикистон баъди пурра торумор кардани муқобилияти неруҳои мухолиф ва ба итоат даровардани мардум, барқарор кардани дастгоҳи давлатии куҳна ва низоми шариат имконпазир гардид. Аз самти ташкилӣ- ҳуқуқӣ ин раванд ба даъвати Анҷумани якуми таъсискунандаи Шуроҳои Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 1926 ва аз тарафи он ташкил кардани мақомоти олии доимоамалкунандаи ҳокимияти намояндагии давлатӣ- Кумитаи Иҷроияи Марказии Шуроҳо ва Раёсати он ва ҳокимияти марказии идоракунии давлатӣ- Шурои Комиссарони Халқ ва комиссариатҳои халқӣ ба анҷом расонида шуд. Минбаъд онҳо вазифаи идоракунии ҷумҳуриро ба уҳда гирифта ва дар маҳалҳо ба ташкили мақомоти маҳаллии ҳокимияти шуравӣ роҳбарӣ карданд.Дар маҳалҳо гузариш ба низоми нави мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ- Шуроҳои вакилони коргарон, деҳқонон ва аскарон то охири солҳои 1920-уми асри XX идома ёфт. Тибқи ин омил оғози ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва сатҳи олии он низоми қонунгузорӣ ба ҳамин давра рост омада, дар заминаи он минбаъд иқдоми таҳия ва қабули конститутсияи аввалини Тоҷикистон пеш гирифта шуд. Ин омил ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба фазои ҳуқуқии Давлати  иттифоқии шуравии сотсиалистӣ ифода мекард.

Тоҷикистон соли 1924 ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистӣ дар ҳайати ҶШС Узбекистон ташкил ёфта, то соли 1929 тавассути он ба ИҶШС дохил буд. Бинобар ин, ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ- конститутсионии он ба рушди конститутсионии ҷумҳурии мазкур вобаста гардид. Фақат баъди қабули Конститутсияи ҶШС Ӯзбекистон соли 1927 дар мувофиқа бо он ва Конститутсияи ИҶШС соли 1924 Конститутсияи аввалини ҶМШС Тоҷикистон таҳия ва қабул карда шуд. Аммо мувофиқи тартиби ҳуқуқӣ- конститутсионии он вақт муайян кардашуда, ба амал даромадани конститутсияи ҷумҳурии мухторӣ фақат баъди аз тарафи мақомоти олии ҷумҳурии иттифоқии дахлдор тасдиқ гардидани он сурат мегирифт. Вале ин раванд ҳанӯз оғоз наёфта, вазъияти ҳуқуқӣ – сиёсӣ ва маъмурии Тоҷикистон соли 1929 куллан тағийр ёфт ва масъалаи ба тасдиқи мақомоти олии Узбекистон пешниҳод кардани Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон аз байн рафт.

Омилҳои чунин сурат гирифтани вазъи Тоҷикистон гуногун буданд. Пеш аз ҳама, дар Анҷумани дуюми Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон қонеъ гардонидани муроҷиати меҳнаткашони округи Хуҷанд барои ҳамроҳ шудан ба Тоҷикистон ва аз тарафи мақомоти оллии Ӯзбекистон ва ИҶШС маъқул дониста шудани он, вобаста ба ин омил куллан тағйир ёфтани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ҷумҳурӣ, афзоиш ёфтани шумораи аҳолӣ  ва васеъ шудани қаламрави он ба ҳалли ин масъала мусоидат карданд. Ҳамчунин рушди руҳияи худшиносии миллии мардуми тоҷик ва хусусан, чанде аз роҳбарони вафодори халқу миллат, ки ноил гаштан ба вазъи ҷумҳурии соҳибихтиёри иттифоқӣ дар ҳайати ИҶШС –ро ҳадафи худ қарор дода, дар ин раванд ҷумҳуриро намояндагӣ карданд, дар ҳалли ин масъала нақши муҳим бозидаанд. Вазъи нави сиёсию ҳуқуқии Тоҷикистон дар Конститутсияи соли 1931 расмияти ҳуқуқӣ- конститутсионӣ пайдо кард.

Пайдоиш ва рушди конститутсионии ҷумҳуриҳои шуравии сотсиалистӣ дар маҷрои ягонаи фазои ҳуқуқии ИҶШС амалӣ карда мешуд. Бинобар ин, ҳар гуна тағйироти ҷиддӣ дар таҷрибаи конститутсионӣ ва азнавсозии қонунҳо, ки аз тарафи мақомоти олии иттифоқӣ пеш гирифта мешуд, дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ низ идома меёфт.Аз ин рӯ, тағйироту иловаҳое, ки соли 1935 ба Конститутсияи ИҶШС соли 1924 ворид карда шуданд, боиси тағйироти ҷиддии Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1931 ва дар таҳрири нав соли 1935 тасдиқ кардани он гардиданд.

Бояд қайд кард,ки қабули конститутсияҳои аввалини Тоҷикистон барои муқаррар кардани шакл ва низоми нави давлатдории шуравии ҷумҳурӣ, таъсиси мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва тартиби ташкил, интихоб ва муайян кардани шакли фаъолияти онҳо аҳамияти калон доштанд. Аммо бо сабаби дар як давраи кӯтоҳ босавод гаштани аҳолӣ, ки ба таври маъмурӣ ва дар заминаи бо фармони Ҳокимияти Шуравӣ бекор кардани ҳуруфоти арабиасоси форсӣ, ки намояндагони халқи тоҷик дар заминаи он шоҳасарҳои назму насри ҷаҳонӣ офарида, ба кашфиётҳои нодири илмӣ ноил гашта буданд, сурат гирифта, шиносоӣ ва омӯзиши матни конститутсияҳои шуравиро, хусусан, бо забони тоҷикӣ, ба мардум дастнорас гардонид. Дар натиҷа на фақат омӯзиши кор ва натиҷаи он, на фақат омӯзиши конститутсияҳо, балки умуман, маҳви бесаводии умумиро бартараф намудан ва ба аҳолӣ маълумоти ибтидоӣ додан зарур буд. Бинобар ҳамин дар як вақт ҳам масъалаи маҳви бесаводӣ ва ҳам вазифаи ба мардум шинос кардани мазмуни сиёсати давлатӣ, мазмуни конститутсияҳо ва қонунҳо зарур гардида буд.

         Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ ва сарварони он дар мобайни солҳои сиюми асри XX бо мақсади азнавсозии конститутсионии мамлакат ба хулоса омаданд, ки давраи гузариш аз сохти куҳна ба сохти нави сотсиалистӣ ба анҷом расид ва ҷамъияти сотсиалистӣ барпо ёфт, рушди он минбаъд бояд, дар заминаи комёбиҳои худи он сурат гирад. Ин хулоса дар Конститутсияи соли 1936 инъикос ёфт. Мувофиқи он Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1937 қабул гардид. Дар асоси конститутсияхои мазкур қонунгузории ИҶШС ташаккул ёфта,дар заминаи онҳо қонунгузории  ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба зернизоми қонунгузории шӯравӣ табдил ёфтанд.

Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1937 конститутсияи “ дарозумри “ ҷумҳурӣ гардид. Он зиёда аз 41 сол амал кард ва дар ин давра низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Тоҷикистон дар вобастагӣ бо низоми қонунгузории иттифоқӣ мукаммал ва устувор гашт. Конститутсияҳои охирини давраи шӯравии сотсиалистӣ, ки солҳои 1977 -1978 қабул карда шуданд, мувофиқи таҳрири нави барномаи ҲКИШ таҳия шуда буданд. Бинобар ин, дар онҳо сиёсат нисбат ба ҳуқуқ мавқеи бештар доштанд.Хусусан, қисми сарнавишти онҳо ба як навъ тафсири сиёсии қарордодҳои ҳизбӣ дар хусуси тақдири ҷомеа ва давлат табдил ёфта буданд.

Таҳқиқи таърихи қонунгузорӣ ва сатҳи олии он конститутсия дар ҳар як мамлакат аҳамияти калони сиёсӣ, илмӣ ва амалӣ дорад. Омӯхтани он хусусан, баъди ноил гаштани Тоҷикистон ба соҳибихтиёрии давлатӣ ва қабули Конститутсияи соли 1994 хеле муҳим гардид. Зеро ки он аз як тараф идомаи раванди пайдоиш ва рушди конститутсияҳои дар таърихи Тоҷикистон қаблан қабулшуда мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 аз конститутсияҳои қаблии ҷумҳурӣ моҳиятан фарқ дорад. Аммо барои муайян кардани мазмун ва моҳияти аксари меъёрҳои амалкардаистода, донистани қонуниятҳои рушди падидаҳои муҳим ҳуқуқи конститутсионӣ аз давраи пайдоиши онҳо то давраи муосир муҳим аст.

Умуман пайдоиш ва инкишофи Конститутсияи Тоҷикистон  панҷ марҳиларо аз сар гузаронидааст.

Марҳилаи якум: Анҷумани дуюми ҶМШС Тоҷикистон 28-апрели соли 1929 Конститутсияи аввалини ҷумҳуриро қабул кард

Марҳилаи дуюм: 25-уми феврали соли 1931 Конститутсияи аввалини ҶИТ-ро қабул кард. Дар мавриди ғалабаи сотсиализм дар Тоҷикистон зарурияти тайёр кардани лоихаи нави Конститутсия бамиён омад.
Марҳилаи сеюм:. Дар Конститутсияи ИҶШС соли 1936 ба таври ҳуқуқӣ, инъикос гардонида шуданд. Дар Анҷумани 6-уми фавқулодаи Шӯроҳо 1-уми марти соли 1937 Конститутсияи ҶШСТ қабул гардид, ки он моҳиятан ба Конститутсияи иттифоқӣ монанд буд ва дар он давраи нав, давраи ғалабаи пурраи сотсиализм ифода меёфт.

Марҳилаи чорум: аз 14-уми апрели соли 1978 аз тарфи иҷлосияи 8-туми ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶШСТ даъвати 9-ум Конститутсияи 4-уми ҶШСТ-ро қабул намуд, ки он аз 10 фасл 19 боб 174 модда иборат буд.
Марҳилаи панҷум:Пас аз гузаштани 12-соли қабули Конститутсияи соли 1978-и ҶШСТ дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ИҶШС баҳсу муноқишаҳо нисбати бекор кардани мавқеъи Ҳизби Камунистӣ Иттиҳоди Шуравӣ бавуҷуд омад. Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад ва 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт.

Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.
         Чи хеле, ки ба ҳамаи мо маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидааст.

         Конститутсияе, ки 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид, дар ҳақиқат бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар мебошад.Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии бо саодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.


 М.К. Гулов, М. З.Турдиалиев, дотсентони кафедраи биохимияи

МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”



04.11.2023 815

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php