БУЗУРГИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ
Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлоляти кишварамонро ташкил медиҳад.
Забони модарӣ лафзи бузург, ширину шакаринест, ки барои ҳар як инсони комил баробари ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанӯз тифле, ки нав ба дунё меояд, ба аллаи модар, ки бо забони модари ӯ бо забони модарӣ садо медиҳад, ниёз дорад ва унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад.
Забони баландҳиммате бузургони мо, ки Рӯдакию Фирдавсӣ, Синою Хайём, Саъдию Ҳофиз, Бедилу Низомӣ бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки бузургонамон номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои куҳантарин ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд. Мо соҳибони забон вазифадорем, ки забони бузурги модариамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, ва тозагиву равонии онро ҳифз намоем.
Вазифаи ҳар як шахси ватандӯст пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки барои поку покиза, беолоиш ва аз камбудиву нуқсонҳои ѓайр нигоҳ доштан ё бо забони бегона сухан гуфтан алфози модарии хеш саҳмгузор бошем. Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бо забони дигар сухан ронад, бояд донандаи забони модарии хеш бошад. Воқеан, агар кас забони худро донад, дар омӯхтани дигар забонҳо мушкили намекашад:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Забони тоҷикӣ аз давраи пайдоиш ва рушди худ то ба имрӯз аз ҷиҳати луѓат ва сохтори наҳвию услубӣ кам ба дигаргунӣ дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст.
Мо насли имрӯз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардидааст. Аз 22 июли соли 1989 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ - забони тоҷикӣ эълон гардид. 5 октябри соли 2009 тахти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян мекуиад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳои таълимию илмӣ ва ѓайра бо забони давлатӣ сурат мегиранд.
Ба гуфтаи Сарвари давлатамон, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд». Мо, тоҷикони асил ҳамеша пайи он мекӯшем, ки забони миллати худро поку покиза ва пойдор нигоҳ дорем. Намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад.
Забони тоҷикӣ – ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.
Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.
Хушбахтона, миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро дар қатори дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрӯзи оварда расонад.
Ортуқова С.М., Раҷабов Р.Р.
омӯзгорони кафедраи забонҳои хорҷӣ