ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БО РОҲБАРИЯТИ ФОНДИ ТОҶИКИСТОНИИ ОҒОХОН ВА ХАДАМОТИ ОҒОХОН ОИД БА ТАНДУРУСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН МУЛОҚОТ НАМУД


ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БО РОҲБАРИЯТИ ФОНДИ ТОҶИКИСТОНИИ ОҒОХОН ВА ХАДАМОТИ ОҒОХОН ОИД БА ТАНДУРУСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН МУЛОҚОТ НАМУД

Имрӯз, 11 августи соли равон дар  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарияти Фонди Тоҷикистонии Оғохон ва Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар Тоҷикистон  мулоқот намуд.


Маврид ба зикр аст, ки ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, ки 23 майи соли 1995 ба имзо расонида шудааст, амалӣ гашта истодааст.

Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (AKHS) аз соли 1997 таъсис ёфтааст.

Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо бо Ташкилоти ҷамъиятии Фонди тоҷикистонии Оғохон 15 июли соли 2015 “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии Фонди тоҷикистонии Оғохон” ба имзо расонид. Бо мақсади васеъ намудани самти ҳамкории ҷонибҳо соли 2020 ёддошти қабли баъд аз бозбинӣ дар таҳрири нав ба имзо расонида шуд.


Ҳамкорӣ бо ташкилоти мазкур мутобиқи қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои азнавсозӣ ва таъмири муассиаҳои тандурустӣ бо таъсиси хатҳои оби нӯшокӣ ва муассисаҳои санитарӣ, омӯзиш ва таҳкими малакаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, мусоидат намудан ба раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, амали намудани Барномаи рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат намудан дар самти хизматрасониҳои тиббӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва дигар самтҳо, ки аз нақшаи кории ҳамасола мувофиқашуда бармеоянд, ба роҳ монда шудааст.


Дар идома ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.


moh.tj


11.08.2023 624

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php