Дар ин рӯзи саодатбори наврӯзӣ


Дар ин рӯзи саодатбори наврӯзӣ

Санаи 20-уми марти соли 2023 дар кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ бахшида ба ҷашнгирии “Наврӯзи Аҷам” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба тарбия, н.и.т. Қурбонбекова П.Қ., мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Абдураҳмонов З.В., тамоми ҳайати кормандони кафедра, ординаторону интернаҳои клиникӣ ва донишҷӯёни факултети тиббӣ иштирок карданд.

Сараввал, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонбекова П.Қ. ҳозиринро бахшида ба ин иди миллӣ муборакбод намуда, аз ҷумла зикр фармуданд, ки: “Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта,  накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд”. Дар баробари ин, муовини ректор аз гузаронидани чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар сатҳи баланд ба аҳли кафедра арзи сипос карданд.

Сипас, мудири кафедра, н.и.т., дотсент Аҳророва З.А. ҳамаи аҳли нишастро ба ин иди байналмилалӣ, ҷашнгирии “Наврӯзи Аҷам” табрику таҳният намуда, ба якояки эшон файзу баракати зиндагӣ, амнияту осудагии рӯзгор ва пешрафту бурдбориҳоро таманно кард.

Дар фуроварди ҳамоиш донишҷӯёни кафедра дар робита ба “Ҷашни Наврӯз” шеъру таронаҳои наврӯзӣ қироат намуданд.

12313133333.jpg     

Ассистент оид ба тарбия Муродов Ш.Д.

 


20.03.2023 592

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php