ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРУЗ АСТ


ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРУЗ АСТ

Дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино рузи 17 уми марти соли 2023 иди Наврӯз ҷашн гирифта шуд. Омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ дар ин чорабинии идона бахшида ба   ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дастархони идонаи наврӯзӣ   бо анъанаҳои хоси ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ – ҳафтсину ҳафтшин   кушоданд. Наврӯз яке аз идҳои баҳораст, онро дар миёни мардуми форси забон ва бархе аз туркзабонҳои Қазоқистон, Осиёи Миёна, Эрон ва бошқиру тоторҳо ҳамчун оғози соли нави кишоварзӣ ҷашн мегиранд. Наврӯз дар забони форсӣ маънои «Рӯзи нав»-ро дошта, ҷашни далели баробаршавии шабу рӯз мебошад. Наврӯз рамзи бедории тибиат ва покизагии рӯҳ ва оғози ҳаёти нав аст. Моҳи сентябри соли 2009 Наврӯз ба феҳристи иди меросии фарҳанги башарият дар ЮНЕСКО шомил шуда, моҳи феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии СММ 21 март Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ эълон шуд.

Ҷашни наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои ҷаҳонӣ аст. Қадимтарин сарчашмае, ки дар он ҷашни Наврӯз зикр шудааст, китоби Авесто мебошад. Тибќи таълимоти Авесто, мардум бояд ҳар баҳор эҳёи табиатро, ки дар 6 шакл, яъне, осмон, ҳайвонот, наботот, об, замин ва инсон ба дунё омадааст, бояд ҷашн гирад.

Таҷлили Наврӯз дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз ба пайдо шудани солшумории хуршедӣ марбут аст, ки дар миёни мардуми Осиёи Миёна ва Эрон ҳафт ҳазор сол пеш пайдо шудааст.

 

Кафедраи забонҳои хориҷӣ

 



17.03.2023 581

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php