ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО


ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

Ҳифзи муҳити зист системаи чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ (технологӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ-ҳуқуқӣ, маърифатӣ, байналмилалӣ) буда, барои муносибати байниҳамдигарии ҷомеа ва табиат, ҳифзи оилаҳои экологии амалкунанда ва зихираҳои табиӣ равона шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифодаи одилона ва барқарорсозии захираҳои он, беҳдошти муҳити зист вазифаи аввалиндараҷаи давлат, кори ҳамаи одамон ва қарзи ахлоқии ҳар як шаҳрванд аст. Мафҳуми муҳити зист муҳити маскунии одам, биосфераи зиндагии ҳамаи мавҷудоти зиндаи рӯйи замин аст. Ҳифз ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист кори тамоми инсоният буда, фаъолияти дастаҷамъонаро тақозо менамояд.

Бо назардошти ҳамин мақсадҳо имрӯз, 18.03.2023 бо иштироки ҳамаи кормандони маъмурию омӯзгорон, қисми хоҷагӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар Маҷмааи таълимии шаҳраки «Шифобахш», бинои асосии маъмурии навбунёд, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии «Стоматология», Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия», хобгоҳҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Донишгоҳ дар хиёбонҳои Рудакӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфон, Алишер Навоӣ воқеъ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид. Дар ҳашар аз ҷониби иштирокдорон кабудизорҳо, гулу буттаҳо ба тартиб дароварда шуда, дохил, саҳн, гирду атрофи биноҳои маъмурию таълимӣ, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, роҳравҳои ҳамшафати Донишгоҳ, гирду атрофи биноҳои баландошёнаи истиқоматии шаҳрвандон тозаю озода карда шуданд. Дар Донишгоҳ корҳои ободонию гулпушнамоӣ дар партави иқдоми ба «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе идома дошта, дар заминҳои гирду атрофи бинои асосии маъмурию таълимӣ, хобгоҳҳо ва биноҳои дигари Донишгоҳ гулҳои гуногуни тароватбахшу накҳатовар шинонида шудаанд.

Дар Донишгоҳ корҳои созандагиву ободонӣ тавассути баргузории ҳашарҳои дастаҷамъонаву шанбегиҳо ба ҳукми анъана даромада, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён ҳамеша саҳми арзишманди хешро дар ҳифзи табиат, тозагиву назофати муҳити атроф ва рушду ободии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мегузоранд.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор


3
2
1
18.03.2023 587

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php