ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО


ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

Имрӯз, 17.03.2023 дар Майдончаи сафороии Маҷмааи таълимии шаҳраки Шифобахши Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ҷамъомати тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ баромад карда, иштиркдорон ва тамоми ҳамватанонамонро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрику муборакбод гуфтанд ва оид ба унсурҳои фарҳангӣ, арзишҳои маънавию инсондӯстона ва табиатдӯстонаи халқи тоҷик, асолати таърихию аҳамияти имрӯзаи Наврӯзи оламафрӯз, талошу кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз ишораҳо карда, бо такя ба суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: «Бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии давлатҳои ҷаҳон Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамасола дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Наврӯзи байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шуда, бо сифатҳои вижаи башардӯстонаи худ – некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзӣ машҳури олам гардидааст».

Боиси ифтихори миллати барӯманду тамаддунофари тоҷик аст, ки Наврӯзи байналмилалӣ – ҷашни миллӣ, иди давлатӣ ва маросими писандидаи тоҷикон ҳамасола дар давлатҳои ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Пазируфта шудани Наврӯзи оламафрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастоварди беназири даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Иди Наврӯз ҷашни қадимтарин ва зеботарини мардумӣ дар домони табиати зебои куҳандиёри Тоҷикистон зуҳур кардааст. Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дошта, расму оинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои тоҷик созгоранд. Наврӯз ҳамчун шоҳпуле аз қаъри асрҳо гузашта, ормону омоли зиндагии ниёгон ва ҳадафҳои наҷиби созандагии имрӯзу ояндаи моро ба ҳам мепайвандад ва чун ҷашни муждаи рӯзи нав симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ ва суннатҳои деринаи халқи тоҷикро бо арзишҳои волои умумибашарӣ ҳамоҳанг месозад.

Ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ дар идомаи баромадашон аз корномаҳои мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки: «Тоҷикистон давоми 20 соли охир дар саросари ҷаҳон ҳамчун кишвари калидӣ дар пешбурди масъалаҳои об эътироф гардидааст. Дар ин муддат якчанд ташаббусҳои муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои кишвари мо, балки барои манфиати тамоми мардуми дунё татбиқ гардиданд. Ташаббусҳои зиёди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу экология ва иқлим ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гашта, ҷонибдории дастаҷамъона ёфтаанд».

Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ оид ба аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, нақши Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти башар, ҳамраисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр дар Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи об, ки аз 22 то 24 марти соли ҷорӣ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид – шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад, бо ифтихор андешаронӣ намуданд.

Дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, батадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромадааст. Ин нукта ба ҷаҳониён собит шуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии технологияҳои нави гуфтушунидеро тақозо мекунад, ки ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд.

Дар ҷамъомад анъанаҳои неки наврӯзи ба иштирокчиён муаррифӣ карда шуда, Наврӯзи оламафрӯзу Баҳори файзбор аз ҷониби муҳассилини дохилию хориҷӣ бо қироати порчаҳои назмию насрӣ васф карда шуданд.

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иҷрои барномаи фарҳангӣ хотима ёфт.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор


3
2
1
17.03.2023 755

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php