ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ


ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз, 15.03.2023 таҳти сарварии ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ҷаласаи навбатии Раёсати Донишгоҳ баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ду нафар кормандони Донишгоҳ, аз ҷумла, Инъомзода Ҷӯра Инъомович н.и.т., дотсенти Кафедраи тибби оилавии Донишгоҳро бахшида ба ҷашни фархундаи 80 солгардашон ва Қодирова Соҷида Ғафуровна н.и.т., дотсенти Кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1-и Донишгоҳро бахшида ба ҷашни мубораки 60 солагиашон бо Ифтихорнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми як маоши моҳона қадрдонӣ карданд.

Қайд кардан лозим аст, ки Инъомзода Ҷ.И. дар баробари ҳамчун табиби мушфиқу варзида ба камол расидан тӯли солҳо тақдири худро бо Донишгоҳи тиббӣ пайваста, барои омода намудани мутахассисони олидараҷаи соҳаи тиб саҳми босазое гузоштааст. Мавсф фаъолиятро дар Донишгоҳ аз вазифаи ассистентии кафедра (1972-76) оғоз карда, баъдан боз ба кори бевоситаи муолиҷавӣ баргашта, давоми солҳои (1980-88) дар муассисаҳои гуногуни тандурустии вилояти Суғд дар баробари пешбурди корҳои роҳбарӣ, инчунин, боз бевосита ба табобати мардум машғул гашта, таҷрибаи ғании касбӣ андӯхтааст. Инъомзода Ҷ.И. зимни фаъолияти бенуқсон ба ҳайси муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988-90) ва вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990-92), раиси КМ иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993-96), мудири кафедраи беҳдошти иҷтимоӣ, иқтисодиёт ва идораи тандурустии ДТИКТТ (1995-98) ва ғайра аз худ қобилияти баланди кордонӣ ва ташкилотчигӣ зоҳир намуда, дар рушду нумуи соҳаи тандурустии кишвар саҳми босазо гузоштааст. Ҳамчун олими сермаҳсул фаъолияти илмии хешро ба таҳқиқи масъалаҳои ҳолати системаҳои лахташавӣ ва фибринолизи хуни беморони гирифтори тарбод ҳангоми муолиҷа дар Осоишгоҳи Обигарм ва дигар мушкилоти тибби оилавӣ бахшида, оид ба мушкилоти ин соҳа зиёда аз 150 таълифоти арзишманди илмӣ ба нашр расондаед.

Қодирова С.Ғ. бошад, аз ҷумлаи занони хушбахти тоҷик ҳаст, ки умри азизи хешро ба ҳифзи саломатии мардум ва таълиму тарбияи шогирдон сарф карда, дар дили онҳо тухми шафқату дардошноӣ кишта, бо дониши қавию ҳисси баланди масъулиятшиносӣ обрӯ ва ҳурмату эҳтироми баландро сазовор гаштааст. Мавсуф ҳамчун мутахассиси фидоӣ дар марҳилаҳои камолоти касбиаш самтҳои омӯзгорӣ, илмӣ ва табибиро муваффақона пеш бурда, дар ҳар кадоми он ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Дар баробари ҳамчун табиби мушфиқ ба камол расидан тӯли солҳо тақдири худро бо Донишгоҳи тиббӣ пайваста, барои омода намудани мутахассисони олидараҷаи соҳаи акушерӣ-гинекологӣ саҳми босазо гузошааст.   Қодирова С.Ғ. солҳои зиёд вазифаҳои ассистент (1995-2009) ва дотсенти Кафедраи акушерӣ-гинекологии рақами 1-и ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Синоро (аз соли 2009 инҷониб) софдилона иҷро намуда, дар миёни аҳли Кафедра ҳамчун шахси ҳалиму меҳрубон ва мутахассиси кордону соҳибтаҷриба шинохта шуда, соҳиби эҳтироми самимӣ гаштааст. Ҳамчун олими сермаҳсул бошад фаъолияти илмии хешро ба таҳқиқи масъалаҳои хусусиятҳои ҷараёни ҳамл, таваллуд, давраи баъди таваллуд ва оқибатҳои баъдизоимонӣ дар наврасони Тоҷикистон ва ғайраҳо бахшида, оид ба мушкилоти ин соҳа бештар аз 20 таълифоти илмӣ ва дастурҳои таълимию методӣ ба чоп расонда, ҳамзамон, муаллифи 2 пешниҳоди навоварона мебошад.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

1.     Ҳисоботи мудири кафедраи фармакология оид ба корҳои таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ, ва илмӣ аз давраи интихоб шудан ба вазифа.

2.     Ҳисобот оид ба фаъолияти Маркази технологияи иттилоотӣ ва вазъи истифодабарии технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим дар кафедраҳо ва сохторҳои Донишгоҳ дар соли 2022.

3.     Масъалаҳои гуногун.

Оид ба корҳои таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ, ва илмӣ ҳисоботи мудири кафедраи фармакология н.и.т., дотсент Урунова М.В., оид ба фаъолияти Маркази технологияи иттилоотӣ ва вазъи истифодабарии технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим дар кафедраҳо ва сохторҳои Донишгоҳ дар соли 2022 ҳисоботи директори Маркази технологияи итилоотии Донишгоҳ Азизов Ҷ.Н. шунида шуд.

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ бо мақсади иҷрои ҳадафҳо, вазифаҳо, нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи рушди ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино то соли 2025» вобаста ба корҳои таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ, ва илмӣ, фаъолияти самараноки Маркази технологияи иттилоотӣ ва вазъи истифодабарии технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим дар кафедраҳо ва сохторҳои Донишгоҳ, дар умум, фаъолияти хуби Донишгоҳ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар қисми масъалаҳои гуногун ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Иди Наврӯзи байналмилалӣ, ба бар намудани либоси миллӣ, аз тарафи омӯзгорон бо иштироки донишҷӯён ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод оид ба аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, нақши Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти башар ва ҳамраисии ҷониби Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия дар Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об, ки санаҳои 22-24.03.2023 дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои Муттаҳидаи Амрико баргузор мегардад, инчунин, ҷанбаҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонон ишораҳо карда, ҷиҳати пешгирии хамроҳшавии ҷавонон ба андеша ва фаъолияти хурофотпарстонаи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои иртиҷоӣ, баланд бардоштани сифати таълим, тозаю озода намудани муҳити атроф, хоса, Донишгоҳ ва гирду атрофи он, биноҳои маъмурию таълимӣ ва хобгоҳҳои Донишгоҳ ба масъулон дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор


15.03.2023 410

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php