МАШҒУЛИЯТИ АМАЛИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ, БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОР ВА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛЛОДА ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББӢ


МАШҒУЛИЯТИ АМАЛИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ, БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОР ВА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛЛОДА ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББӢ

Дар баробари тадбирандешиҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои ваколатдори давлатӣ вобаста бехатарӣ аз сӯхтор, ҳифзи меҳнат, ва ҳолатҳои фавқуллода, инчунин, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» аз 20.03.2008, №363, иҷрои барномаи «Омӯзиши коргарон, хизматчиёни иншоотҳои иқтисодӣ оид ба мудофиаи гражданӣ ва амали онҳо дар ҳолатҳои фавқулодда» аз 14.09.2006, №141 фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино «Дар бораи ташкил намудани гурӯҳҳои таълимӣ оид ба мудофиаи гражданӣ» аз 10.02.2023, №13/1 тасдиқ гардида, дар Донишгоҳ пайваста чорабиниҳои судманд гузаронида мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки системаи бехатарӣ аз сӯхтор маҷмӯи маводи техникӣ дастрас ва захираҳои инсонӣ, аз ҷумла, чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва илмӣ-техникии мубориза бо оташ аст. Бо назардошти ҳамин мақсадҳо ва баҳри дар амал татбиқ намудани санадҳои мазкур санаи 15-уми марти соли 2023 дар назди бинои таълимии шаҳраки Шифобахш – 1-и Донишгоҳ бо иштироки кормандони бахшҳои хоҷагии бинои асосиии маъмурию таълимӣ, бинои таълимии шаҳраки Шифобахш – 1 ва бинои таълимии шаҳраки Шифобахш – 2 машғулияти амалии ҳифзи меҳнат, бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳолатҳои фавқуллода гузаронида шуд. Зимни баргузории машғулият аз ҷониби мутахассисони кордидаву ботаҷриба ба кормандони бахшҳои ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва дигар иштирокчиён таснифот, таъйинот, сабабҳои маъмулии рӯх додани сӯхтор ва роҳҳои пешгирии он, чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва муҳимияти риояи қоидаҳои фавқулодда, тарзу усулҳои дурусти истифодабарии дастгоҳ ва воситаҳои аввалиндараҷаи сӯхторхомӯшкунӣ, ниқоби зиддигазӣ, сӯхторхомӯшкунакҳои хокагию карбокислотагӣ омӯзонида шуд. Ҳамзамон дар рафти гузаронидани машғулият ба ҳар як иштирокчии машғулият ниқоби зиддигазӣ тақсим карда шуд, ки мустақилона истифода бурданд.  

Ҳамин тавр, доштани донишу малакаи бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷои кор барои бехатарии одамон ва ҳифзи молу амвол, бадин васила барои риояву татбиқи самараноки қонунҳо манфиатовар аст.

Расулов М.М. подполковник,

сардори бахши мудофиаи граждании ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино


15.03.2023 579

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php