“Рӯзи донорӣ” дар Донишгоҳ


“Рӯзи донорӣ” дар Донишгоҳ

Рӯзҳои 13 ва 14-уми марти соли 2023 дар бинои асосии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” бо ташаббуси роҳбарият ва муовинати муолиҷаи Донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо МД “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” “Рӯзи донорӣ” ташкил карда шуд. Дар ин рӯзҳои донорӣ дар ҳаҷми физиологӣ – 350-400 мл хун аз ҳар як шахс гирифта шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар маҷмуъ 276 нафар ҳайати профессону кормандони Донишгоҳ, ординаторҳои клиникӣ, интернаҳо ва донишҷӯён ҳамчун донор фаъолона иштирок намуда, хун супориданд.

Иқдоми мазкур дар асоси иҷроиши нақшаю чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 -уми октябри соли 2020, таҳти №568, дар бораи “Барномаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили фаъолияти Хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки тибби муосир аҳамияти фоиданоки хунсупориро барои саломатии инсон тасдиқ намудааст. Ҳамчунин, бартарии хунсупорӣ барои пешгирии бемориҳои системаи дилу рагҳо мақсаднок буда, хуни супоридаи донорон барои наҷоти ҳаёти беморон, ки ба он эҳтиёҷ доранд, мусоидат менамояд.

 


6
5
4
3
2
1
15.03.2023 458

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php