Тарбияи дуруст пояи устувори давлат аст.


Тарбияи  дуруст пояи устувори давлат аст.

Ояндаи миллат аз таълиму тарбияи дурусти фарзанд аст .Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани омилҳои иҷтимоии зуҳури ҷинояткорӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон ва бо самти созанда ба роҳ мондани таълиму тарбия ва ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо як силсила санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқиро ба тасвиб расонидааст. Яке аз чунин санадҳои муҳим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад. Аз ин хотир, волидон ва фарзандони онҳоро имрӯз мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талоши тарбияи баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастии онҳо бошанд. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф нашуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст. Бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст.

 

Ба ин хотир, санаи 10 марти соли 2023 дар факултети тиббии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” бо сарварии декани факултет д.и.т.,профессор Табаров М.С., муовини декан Бурҳонова З.У. ва ҳамкории кафедраи марбути факултет Анатомияи одам ва истилоҳоти лотинӣ бо падару модарони донишҷӯён ҷласаи Шурои волитайн ташкил ва баргузор карда шуд.Барои баргузории ин чорабиниҳо то ҳадди имкон волидайни донишҷӯёне, ки дар ноҳияҳои тобеи марказ истиқомат мекунанд, даъват шуда буданд. Зиёда   аз 60 нафар волидон ба ҷаласа ҳозир шуда буданд.

Дар охир падару модарон аз рафти дарси донишҷӯён ва шарту шароите, ки кафедраҳои донишгоҳ муҳайё карда шудааст, дидан намуданд. Аз таҳсили фарзандонашон пурсон шуда, бо кураторони гуруҳҳо ҳамсуҳбат шуданд. Таъкид гардид, ки равобити мустаҳкам миёни донишгоҳ ва волидайн ҳамеша бояд ба роҳ монда шавад.

Ҷаласаи Шурои волидайн, дар толори лексионии кафедраи Анатомияи одам ва истилоҳоти забони лотинӣ баргузор гардид. Дар Шуро муовини ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” оид ба тарбия дотсент,н.и.т.,Қурбонбекова П.Қ., Раиси Шурои волидайни донишгоҳӣ Мирзоев Х.М., муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У., мутасаддии корҳои тарбиявии кафедра ва кураторони гуруҳҳо иштирок доштанд.

Сараввал муовини ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” оид ба тарбия дотсент, н.и.т., Қурбонбекова П.Қ., бо ҳозиринро бо садорат факултет ва устодони кафедра шинос намуданд. Муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия Қурбонбекова П.Қ. ба ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, дар бораи фаъолияти Шурои волидайн дар донишгоҳ, паҳлуҳои асосии самти тарбияро, оиди риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар ҶТ ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, ватандӯстию меҳанпарастӣ, расидан ба қадри арзишҳои миллӣ суханронӣ намуданд. Дар баромади худ муаллима ба падару модар муроҷиат ба пеш оварданд, ки фарзандонро   дар оила зери назорати ҷиддӣ гирифта, дар ҳамкорӣ бо донишгоҳ пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба гуруҳҳо ифтрогаро ва экстремистро гирифтан, чораҷӯи намудан, лозим аст.

Бинобар волидони курси аввал будан,онҳоро муаллима бо шароити таҳсил дар донишгоҳ шинос намуданд ва қайд доштанд, ки барои аз худ намудани илмҳои замонавӣ дар донишгоҳ устодони соҳибтаҷриба, марказҳои малакаҳои амалӣ, китобхонаи ниҳоят калони китобҳои дарсӣ ва маркази электронии китобхонаи электронӣ амал мекунад. Донишҷӯ бояд вақти худро самаранок истифода намуда, аз ин марказҳо истифода намуда ва донишу малакаҳои худро мукаммал намоянд.

Дар охир ба суҳбати озод гузашта, аз ҷониби волидайн як қатор миннатдориҳо шунида шуд. Онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки аксарияти донишҷӯён аз устодон миннатдоранд, ки ба онҳо дар омӯзиши дарсҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд. Соатҳои тарбиявии пурмазмун мегазаранд.

Муовини ректор Қурбонбекова П.Қ., иброз намуданд, ки дар донишгоҳ Комиссияи одобу муошират амал мекунад. Дар он муҳокимаи рафтори донишҷӯён аз рӯи одобу ахлоқ, вайрон кардани риояи пӯшидани сару либоси тавсиявӣ, истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ дар ҷараёни дарсҳо, дар роҳравҳо бо иштироки волидай гузаронида мешавад. Дар ин Комиссия нисбати қоидавайронкунии донишҷӯ чораҷӯи карда шуда, ба донишҷӯ муҷозот эълон карда мешавад. Муҷозотҳо аз “огоҳӣ” сар шуда, то “танбеҳ” ва “хориҷ “аз донишгоҳ дода мешавад.

Дар баромади худ, муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У. бо волидайн дар бораи давомоти донишҷӯён, сабабҳои баста шудани саҳифаи донишҷӯён, риоя накардани талаботҳои дохилидонишгоҳӣ суҳбат доштанд. Зимни суҳбат муаллима қайд намуданд, ки барои таълиму тарбияи донишҷӯён шароитҳои беҳтарин таъмин карда шудааст. Вале аз камтаҷрибагӣ бошад, ки донишҷӯён ба баъзе дарсҳо дарс дер мекунанд, сари вақт сабақгардонӣ намекунанд. Аз ин сабаб саҳифаи онҳо баста мешавад. Бинобарин водидайн сари вақт ба дарс омадани донишҷӯёнро зери назорат гиранд. Ин бепарвоӣ метавонад боиси пушаймонӣ гардад. Муаллима қайд доштанд, ки дарсҳои лексионӣ сабақгардонӣ намешаванд. Вазифаи асосии онҳо хондан аст. Вазифаи волидайн бошад, нисбати ояндаи фарзандони  худ бетарафӣ зоҳир накарда, бо донишгоҳ, факултет устодони онҳо пайваста ҳамкориҳои зич доштан аст.

         Дар ҷаласа қайд гардид,ки барои аз худ намудани илмҳои замонавӣ дар донишгоҳ устодони соҳибтаҷриба, марказҳои малакаҳои амалӣ, китобхонаи ниҳоят калони китобҳои дарсӣ ва маркази электронии китобхонаи электронӣ амал мекунад. Донишҷӯ бояд вақти худро самаранок истифода намуда,аз ин марказҳо ва донишҳои худро мукаммал намоянд.

Дар озир ба суҳбати озод гузашта, аз ҷониби волидайн як қатор миннатдориҳо шунида шуд. Онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки аксарияти донишҷӯён аз устодон миннатдоранд, ки ба онҳо дар омӯзиши дарсҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд. Соатҳои тарбиявии пурмазмун мегазаранд.

Аз байни волидон якчанд нафар хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино иштирок доштанд. Онҳо аз ин пешравиҳои даврони Истиқлолият, аз дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хурсандӣ намуда, ваъда доданд, ки дар ин масъала бо деканат бо донишгоҳ ҳамкорӣ менамоянд.

Хатмкардаи соли 2015, ки Федератсияи Россия омада буд, ба волидайн муроҷиат карда, иброз дошт,ки баъди хатми донишгоҳ ба Федератсияи Россия рафта, таҳсили баъдидипломиро дар шаҳрҳои калонтарин идома додаанд. Миннатдории худро ба донишгоҳ ва устодони сахтгир, ки дар муқоиса беҳтаринанд, сухан ронда, иброз дошт,ки ҳамаи дарсҳояшонро донишҷӯён сари вақт аз устодони таҷрибадор биомӯзанд. Дониши хуб дар ҳама ҷо дастгират мешавад.

 

 

Декани факултети

тиббӣ д.и.т.,профессор                 Табаров М.С.

 


13.03.2023 533

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php