НАВРӮЗ" ДАР ФЕҲРИСТИ ЮНЕСКО РАСМАН САБТ ШУДАСТ


НАВРӮЗ" ДАР ФЕҲРИСТИ ЮНЕСКО РАСМАН САБТ ШУДАСТ

«Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст».

Эмомалӣ Раҳмон

Масъалаи ҷаҳонишавии «Наврӯз» бо ташаббуси Тоҷикистон ва якчанд кишвари ҳавзаи Наврӯз ҳанӯз соли 2010 ба вуқӯъ пайваст. Дар баробари ин, тибқи муқаррароти Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ «Наврӯз» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабти ном шуд. Номинатсияи «Наврӯз» бори аввал соли 2009 дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт шуд, ки он замон Тоҷикистон узви Конвенсияи мазкур набуд. Аммо намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳову таҳияи ҳуҷҷатҳои он ширкат доштанд. Ниҳоят, баъди дархосту талошҳо ЮНЕСКО иҷозат дод, ки кишварҳои дигари ҳавзаи Наврӯз ба ин номинатсия пайванд шаванд. Моҳи феврали соли 2015 дар шаҳри Теҳрон семинари мутахассисони фарҳанги ғайримоддӣ аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз доир гашт, ки намояндагони Тоҷикистон низ дар он ширкат доштанд. Дар давоми 4 рӯз мутахассисон аз 12 кишвар (Афғонистон, Тоҷикистон, Ироқ ва Туркманистон илова шуданд) нусхаи комил ва интиҳоии номинатсияро ба забони англисӣ таҳия карда, намояндаҳои расмӣ онро имзо гузоштанд ва ҳуҷҷатҳо ба ЮНЕСКО фиристода шуданд. Ҳамин тавр, номинатсияи «Наврӯз» ҳамроҳ бо кишварҳои ҳавзаи Наврӯз: Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон дастаҷамъона пешниҳод шуд. 

Дар таҳия ва тарҷума намудани ҳуҷҷатҳои марбут ба номинатсияҳои «Оши палав» ва «Наврӯз» саҳми ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории олими шинохтаи тоҷик Дилшод Раҳимов хеле назаррас мебошад. Зери роҳбарии ӯ аз соли 2013 дар пажӯҳишгоҳ гурӯҳи «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ» фаъолият мекунад. Дар ин гурӯҳ Н. Қличева, А. Аминов ва З. Холмуродов низ шомил буда, дар таҳияи номинатсияҳои мазкур ва «Чакан – санъати гулдӯзии тоҷикон» хидмат кардаанд. 

Чорабиниҳои мазкур ва дигар тадбирҳое, ки дар самти омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик амалӣ мегарданд, албатта барои шинохту гиромидошт ва тарғибу муаррифии намунаҳои фарҳанги миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд.


13.03.2023 627

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php