БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО


БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

Ифлосшавӣ, вайроншавӣ, осеб дидан, камшавӣ, харобшавӣ ва дигар таъсироте, ки ба муҳити табиат мерасад, эҳтимоли хавфи он ба одамон низ вуҷуд дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва тозагии муҳити зисту табиат ва дар рӯҳияи ҳифзу эҳтироми табиат ба воя расонидани шаҳрвандон тавассути баргузории маҳфилҳои маърифатӣ, шанбегию ҳашарҳо, аксияҳо ва дигар чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд. Бо ҳамин мақсад имрӯз, 11.03.2023 бо иштироки кормандони қисми хоҷагӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар Маҷмааи таълимии шаҳраки «Шифобахш», бинои асосии маъмурии навбунёд, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии «Стоматология», Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия», хобгоҳҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Донишгоҳ дар хиёбонҳои Рудакӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфон, Алишер Навоӣ воқеъ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе шанбегӣ баргузор гардида, дохил, саҳн, гирду атрофи биноҳои маъмурию таълимӣ, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, роҳравҳои ҳамшафати Донишгоҳ, гирду атрофи биноҳои баландошёнаи истиқоматии шаҳрвандон тозаю озода карда шуданд. Ҳамчунин, дар партави иқдоми ба «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе корҳои ободонию гулпушнамоӣ дар Донишгоҳ идома доранд.

Ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дар ҳифзу тоза нигоҳ дорштани муҳиту маҳалли зист, мавзеъҳои пур аз гулу гиёҳ, буттаву дарахтзорҳо, ки табиати зебоеро ба худ касб намудаасту барои саломатии одамон бисёр муфиду мусоид аст, саҳмгузор бошад. Воқеан, табиатро ҳифз кардан барои саломатии ҳар яки мо бисёр манфиатовар аст.

Дар Донишгоҳ корҳои созандагиву ободонӣ тавассути ҳашарҳои дастаҷамъонаву шанбегиҳо пайваста гузаронида мешаванд ва кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён дар якҷоягӣ саҳми арзишманди хешро дар ҳифзи табиат, тозагиву назофати муҳити атроф ва рушду ободии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мегузоранд.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 


9
8
7
6
5
4
3
2
1
11.03.2023 492

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php