Ҷараёни дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи “Зан-модар офарандаи ҳаёт”


Ҷараёни дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи  “Зан-модар офарандаи ҳаёт”

Санаи 10 – уми марти соли равон садорати фармасевтӣ дар ҷараёни дарси кушоди тарбиявӣ бо донишҷӯёни курси 3-юм дар мавзӯи “Зан – модар офарандаи ҳаёт”, ки бо ташаббуси факултет дар якҷоягӣ бо кафедраи фармакология дар толори ба номи “Я.А. Раҳимов”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ баргузор гардид, иштирок карданд.

Дар ҷараёни дарс ҳайати омӯзгорони кафедраи фармакология, кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, оид ба мавзӯи зикршуда, ки ба ҷашни муҳаббату зебоӣ, шукуфоиву боландагӣ, шавкату меҳрубонӣ, “Рӯзи модар” рост омада буд, дар васфи “Зан-Модар” маърӯза ва шеърҳо қироат намуданд, ки ба ҷараёни дарс ҳусни дигар зам намуд.

Дар охири чорабинӣ донишҷӯёни фаъол ва муттасадии бахши тарбияи кафедра н.и.т., дотсент Музаффарова М.Ҳ. бо гулҳо ва сипоснома ќадрдонӣ гардиданд.

 

 

                                                       Деканати факултети фармаевтӣ

 


10.03.2023 517

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php