СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ “МОДАР САОДАТИ ЗИНДАГИСТ”


СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ “МОДАР САОДАТИ ЗИНДАГИСТ”

Модар! Шахсест меҳрубон, мӯътабар, ғамхор ва чароғи хонадон аст. Танҳо модар аст, ки барои фарзанд ва осоиштагии оила ба ҳама гуна дард, ғам ва сахтиҳои рӯзгор таҳаммул мекунад ва дар иваз чизе умедвор намешавад.

Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан – модар таҷлил мекунад. Аз ин лиҳоз, Рӯзи модар эълон гардидани ин санна дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди такя мекунад. Ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст

Бо назардошти ҳамин андешаҳо санаи 03. 03.23 дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино семинар бахшида ба Рӯзи Модар таҳти мавзӯи «Модар саодати зиндагист» бо донишҷӯёни курси 2-юми гурӯҳҳои куратории 1, 2 ва 3-юми факултаи тиббӣ-профилактикӣ гузаронида шуд. Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Семинарро муаллимаи калони кафедра Маҳмудова Д.Ш. оғоз намуда, донишҷӯёнро ба ифтихори ин ҷашни бузург яъне Рӯзи Модар, ки дар таърихи башарият бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шудааст табрик намуда, ба донишҷӯён оид ба ин рӯз маълумот доданд.

Баъд аз он, донишҷӯӣ курси 3-юми гуруҳи 2 Мохихуросони Амиралӣ бо маърӯза дар мавзӯи «Модар ту биҳишти ҷовидонӣ» баромад намуд. Инчунин, бахшида ба васфи модар суруду шеърҳо бахшида аз осори ниёгон, гуфтаҳои бузургон нисбат ба зан, модар шунида шуданд. Дар фароварди вохӯрӣ, иштирокчиёни семинар донишҷӯён, доир ба маърӯзачиён саволҳо дода, ва ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки гузаронидани ин қабил семинар ва ҳамоишҳо, ки дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб ба ҳукми анъана даромадааст, муҳассилинро ба фарҳангу маданияти меҳан бештар ошно намуда, омили баландшавии ҳисси меҳанпарастӣ ва ватандӯстии онҳо мегардад.

 

Кафедраи нигахдории тандурустии ҷамъиятӣ

ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб

 


07.03.2023 544

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php