ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ВА ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ ОН


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ВА ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ ОН

Рӯзи Модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне, фасли зебои баҳор мужда мерасонад. Дар ин падида як рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки дар шахсияти муқаддас, сиришти муборак ва ниҳоди поки модарон нуҳуфтааст. Маҳз, ба ҳамин хотир, мо Рӯзи Модарро ҳар сол бо эҳсоси гарме, ки аз муҳаббату навозиши Модар сарчашма мегирад ва бо фараҳу шодие, ки омадани баҳор ба мо мебахшад, таҷлил менамоем. Воқеан, зан – Модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.

Бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар дар арафаи ин иди бузург дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва воҳидҳои сохтории он, аз ҷумла, кафедраҳои нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб, акушерӣ ва гинекологии №2, стоматологияи ортопедӣ, биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ва дигар воҳидҳои сохторӣ бо иштироки меҳмонон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ чорабиниҳои гуногун баргузор гардида, дар онҳо меҳмонону омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол оид ба бузургии Модар, нақши бонувону занон дар рушди давлату миллат ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон, дастгириҳои давлатии занону бонувон, баробарҳуқуқии мардону занон, ҷалби занону бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва фаъолияти самарабахши онҳо, масъулияти зан-Модар ҳамчун тарбиятгари фарзандон, дар умум, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа андешаронӣ намуданд ва бо каломи мавзуну мансур васфи зан-Модар карданд.

Дар ҳақиқат, зан – Модар ситораи пурҷилои зиндагӣ, офтоби дурахшони ҳаёт, нахустомӯзгор ва сарчашмаи ҳаёти инсон аст. Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои Модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Сарвари дурандешу хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, бо тадбирандешиҳои муҳим дар сатҳи давлатию миллӣ барои бонувону занон шароити зиндагии арзанда фароҳам оварда шуд ва мақому ҷойгоҳи иҷтимоии занону бонувон дар муносибатҳои ҷамъиятию пешрафти давлат баланд гардид. Ҳамин аст, ки имрӯз дар сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон занон низ дар баробари мардон ба фаъолияти пурсамар машғуланд. Имрӯз ҳастан бонувону заноне, ки тавассути корнамоиву ҷонисориҳои хеш Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ яке бо кори илмӣ, дигаре бо муваффақиятҳои варзишӣ, сеюмин бо иҷрои асолати шаҳрвандӣ партавафшон мекунанд. Дар партави сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бонувону занон аз ин ҳам бештар муазаффариятҳоро касб хоҳанд кард.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 


4
3
2
1
07.03.2023 580

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php