Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд!


Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд!

Аз солҳои аввали бадастории истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат ба занону бонувон ҷиҳати соҳибкасб гаштани онҳо равона гардида, дар ин асно барои баланд бардоштани нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Маҳз, бо тадбирандешиҳои бевоситаи Пешвои миллат давоми зиёда аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ рушди бесобиқаи фаъолияту ташаббускориҳои созандаи занону бонувони тоҷик дар ҳама бахшҳои ҳаёти ҷомеа дида мешавад. Ҳамасола роҳбари олии кишвар дар Паёми худ таъкид медоранд, ки масъалаи таҳким бахшидани нақши занон дар ҷомеа ва баланд бардоштани мақоми онҳо ҳамеша дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо чораҳои мушаххас андешида шудааст. “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии сиёсии бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд”. 

Агар, ба фаъолияти занону бонувон дар шароити имрӯзаи кишвар назар кунем, бе шак, соҳа ва ё бахше дида намешавад, ки дар он занон содиқона фаъолият надошта бошанд. Иштироки фаъоли онҳоро дар бахшҳои гуногуни ҷомеа Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон бо истинод аз ҳисоботи оморӣ чунин баён доштанд: “Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд”. Ин ҳама гувоҳ бар ғамхорию дастгириҳои роҳбари олии кишвар нисбат ба занону бонувон аст. 

Ҳамзамон, Пешвои миллат ба саҳми арзандаи занон дар рушди иқтисоди кишвар ишора карда, гуфтанд: “Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд”. 

Вобаста ба таҳсил фаро гирифтани духтарону бонувон Ҳукумати мамлакат чораҳои заруриро ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ андешида, барои соҳибкасб гаштани онҳо квотаҳои президентиро роҳандозӣ намуд. Натиҷаи чунин ғамхориҳост, ки имрӯзҳо дар ҳама зинаҳои таҳсилот духтарону бонувон дида мешаванд. Илова бар ин, таҳсили занону бонувон дар муассисаҳои таҳсилотии хориҷ аз кишвар низ бараъло мушоҳида мегардад, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Пешвои миллат ҷиҳати соҳибмаълумоту соҳибкасб гардонидани занону бонувон ва бад ин васила ҷалби онҳо ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ дарак медиҳад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ қайд намуданд, ки: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”. 

Дар воқеъ, таваҷҷуҳу тадбирандешиҳои Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, таъмини адолати иҷтимоии онҳо, ҷалб намудани онҳо ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ, пешбарӣ ба мансабҳои роҳбарикунанда ва дар умум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо гувоҳи боварӣ ва эътимоди комили Пешвои миллат, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба нерӯи бузурги созандаи занону бонувон мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки занону духтарони боору номусти тоҷик ба ин боварию эътимоди Пешвои миллат сазовор шуда, дастуру ҳидоятҳояшонро сармашқи кору пайкори худ месозанд ва бо ширкати фаъолонаи худ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъиятӣ, Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо ва зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистонро боз ҳам хурраму шукофотар хоҳанд кард. 

mit.tj


07.03.2023 1054

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php