ТАҲДИДИ ТАТБИҚИ ҶАЗО БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шомилшавӣ ба гурӯҳои экстремистӣ, пайравӣ ва ташвиқи фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят мебошад. Ҷиноят-кирдори содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфнокест, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст. Барои амалӣ намудани ҳадаф ва фаъолияти экстремистӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариҳо пешбинӣ шудааст.
Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариҳои зерин муқаррар шудааст:
Моддаи 374. Тайёр кардан, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл ва паҳн кардани маҳсулоти мамнуи воситаҳои ахбори омма, дигар маҳсулоти чопии манъшуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр кардан, нигоҳ доштан, ворид кардан, ҳамлу нақл ва паҳн кардани маҳсулоти воситаҳои ахбори омма, дигар маҳсулоти чопӣ, ки дорои маълумот ва маводи таблиғотиву ташвиқотии зӯран тағйир додани сохти конститутсионӣ, халалдор кардани тамомият ва мустақилияти давлат, заиф кардани амнияти давлат, ҷанг, барангехтани хусумати иҷтимоӣ, нажодпарастӣ, миллӣ ва мазҳабӣ, таблиғи бераҳмӣ, зӯроварӣ ва фисқу фуҷур, ҳимояи терроризм ва экстремизм, паҳн кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ, инчунин намоиши маҳсулоти видео ва синамо, ки дар онҳо фисқу фуҷур таблиғ мешавад, инчунин дигар маҳсулоти чопии манъшуда, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесаду панҷоҳ то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ, ба шахсони мансабдор аз чилу панҷ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсаду панҷоҳ то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 462. Халалдор кардани оромӣ
1. Барои дар кӯчаҳо, майдонҳо, боғу соҳилҳои фароғатӣ (пляж), нақлиёт ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин, аз соати 23:00 то соати 6:00 дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан, ҳуштак кашидан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобҳои мусиқӣ, ба кор андохтан ё истифодаи дастгоҳҳои садотақвиятдиҳанда, техника ё таҷҳизоти сохтмонию таъмирии садобарор, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъиятӣ шуда бошад, -
ба шахсони воқеӣ огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз ду то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони ҳуқуқӣ огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад
2. Барои пахши диск, фита ва дигар воситаҳои техникии сабти хусусияти динии экстремистӣ ва (ё) таҳқиркунанда дошта, дар кӯчаю хиёбонҳо, майдонҳо, бозорҳо, марказҳои савдо, боғу соҳилҳои фароғатӣ (пляж), воситаҳои нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳашт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
3. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинишуда, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариҳои зерин пешбинӣ шудааст:
Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, мусоидат кардан ба содиркунии чунин кирдорҳо, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет;
д) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар мутобиқи супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бист сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 307(1). Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм
1) Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва (ё) сафедкунии оммавии экстремизм, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар;
а) такроран;
б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайяи ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии экстремизм тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи экстремизм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад.
Моддаи 307(2). Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)
1) Ташкили иттиҳоди экстремистӣ, яъне гурӯҳи муташаккили шахсон барои тайёр ё содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 237(1), 242, 243 (ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта) пешбининамудаи ҳамин Кодекс аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурӯҳи иҷтимоӣ, инчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳоди экстремистӣ, ба ҷузъ ё томҳои ба чунин иттиҳод дохилшаванда, ҳамчунин ташкили иттиҳоди ташкилкунандагон, роҳбарон ё дигар намояндагони ҷузъ ё томҳои чунин иттиҳод бо мақсади таҳияи нақшаҳо ва (ё) шароит барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз чор то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки такроран ё бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад, -
бо маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.
Моддаи 307(3). Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)
1) Ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.
Моддаи 307(4). Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта
1. Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
2. Ҳамин кирдор, агар:
- бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад;
- бо маблағгузорӣ намудани чунин гурӯҳҳо алоқаманд бошад, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини Исломро ба экстремизм айният медиҳанду омили ҳифзи Ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба гурӯҳҳои экстремистӣ ҳам худ ва ҳам ҳазорон нафари дигаро ба доми марг мебаранд.
Воқеан, мубориза бар зидди ифротгароӣ бояд дастаҷамъона сурат гирад. Албатта, ҳамовозӣ дар муқовимат ба ифротгароӣ омили асосии ҳифзи суботу оромӣ ва василаи таъмини амнияти миллӣ аст. Пас, имрӯз ҳар як шаҳрванди мамлакатро зарур аст, ки дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолу озодӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон бештар фаъолнокӣ зоҳир намояд.