ИФРОТГАРОӢ ХАТАРИ ҶАҲОНӢ


Ифротгароӣ имрӯз ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст ва ин зуҳурот ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкориҳои густурда бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик борҳо изҳори омодагӣ кардааст.

Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилӣ аз ҷониби кули кишварҳои ҷаҳон ҳамовозӣ ва дастгирӣ ёфта, нақши кишвари мо дар самти мубориза ба ин хатарӣ замони муосир бесобиқа аст. Ҳамон тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар чорабиниҳои сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳор доштаанд, «террористу ифротгаро на ватан ва на миллату мазҳаб дорад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи муқовимат бо хатару таҳдидҳои амниятӣ бо андешидани чораҳои дахлдор дар сатҳҳои милливу минтақавӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт бо пешниҳоди ташаббусҳои муҳиму саривақтӣ нақши муассир дорад. Бо дарки хатари терроризми байналмилалӣ, тундгароиву ифротгароӣ ба ҷомеа Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян зидди ин падидаҳои номатлуб дар ҳама шаклҳояш пайваста баромад карда, муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи байналмилалиро дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ ҷонибдорӣ менамояд. Дар ин самт қабули як катор Стратегияҳо, Конвенсия ва Қатъномаҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Стратегияи ҷаҳонии СММ оид ба мубориза бо терроризм, Қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ, инчунин Конвенсияҳои зиддитеррористии СММ асоси муборизаи муштаракро бо терроризму ифротгароӣ ташкил медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ, Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ-ро дастгирӣ намуда, ҳамкориро бо ниҳодҳои тахассусии ин созмони бонуфзи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Кумитаи зиддитеррористӣ ва Маркази байналмилалии СММ оид ба мубориза бо терроризм ба таври густурда ба роҳ мондааст. Мавриди таъкиди хос аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Дабири кулли СММ-ро оид ба таъсиси Дафтари нав дар ин созмон – Раёсати зиддитеррористии СММ, ки аз 15-уми июни соли 2017 пас аз қабули қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ ба кори худ шурӯъ кард, ҷонибдорӣ намуда, ҳамкориро дар ин самт тақвият бахшидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки бо назардошти муқовимат бо таҳдиди рӯзафзуни терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади татбиқи Нақшаи амали муштараки Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ, соли 2016 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризму ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 қабул гардид, ки ҳадафи асосии он аз пиёда намудани маҷмӯи чорабиниҳои ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризму ифротгароӣ равонашуда иборат мебошад. Асоси талошҳои муштараки кишварҳои ҷаҳонро дар ин ҷода Стратегияи глобалии мубориза бо терроризм ва дигар санадҳои дахлдори СММ ташкил медиҳанд. Татбиқи пайгиронаи ин аснод дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯи манфиатҳои тамоми башарият ба ҳисоб меравад.

Амалӣ кардани тадбирҳои саривақтӣ ва талошҳои пайвастаи кишварҳои ҷаҳон барои муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ имкон фароҳам меорад, ки тадриҷан дар ин самт барои таъмини суботу амният дар кишварҳои зуҳуркунандаи ин хатари замони муосир қадамҳои устувор гузошта шаванд.

 

 


09.01.2023 426

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php