ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МИЛЛИИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАШТ


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МИЛЛИИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАШТ

Имрӯз, 9 декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, муовинони як қатор вазорату идора ва кумитаҳои  мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки масъалаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маҷмӯъ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати  созандаву ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррас дар ин самт ба анҷом расонида шудаанд.

Гуфта шуд, ки масъалаҳое, ки дар ҷаласаи мазкур мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешаванд,  аз масъалаҳои мубрами соҳавӣ маҳсуб ёфта, амалишавии онҳо  баҳри баланд бардоштани некуаҳволии мардум, бахусус, дастрасии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.

Дар ҷаласа чор масъала, “Иҷрои супоришҳои протоколи Ҷаласаи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  аз 3 июли соли 2022, №4/25-14”, ”Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №676, “Дар бораи Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023”, “Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №252, “Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022”, “Тасдиқи нақшаи кори Шӯрои  миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Moh.tj





09.12.2022 335

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php