ПАРАФШОН ПАРЧАМИ МО ЗИНДА БОДО


ПАРАФШОН ПАРЧАМИ МО ЗИНДА БОДО

Сурху сафеду сабз-ин се ранги Парчами давлатии Тоҷикис­тон аст. Ин намоди миллӣ ҷойгоҳаш бисёр баланд ва эҳтиромаш бисёр бузургаст, ҷое дар қаҳрамониҳо, ҷое дар тамринҳои низомӣ, болои балантарин қуллаҳои ҷаҳонӣ ё ҷое дар ҷашну пирӯзиҳои миллӣ. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр аз ҳамон замон соҳиби Парчами давлатии хеш гардид. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад. Рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед аз ҷои сутунпоя ё чўбдаст дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст.

Бори аввал халқи тоҷик Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ҳамчун ҷашни умумимиллӣ 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳиб­ихтиёрӣ истиқбол гирифтанд. Дар ин рӯз дар пойтахти кишвар аз хиёбони марказии Душанбе Парчами дарозиаш 1 ҳазору 500 метр ва бараш 7 метра гузаронида шуд. Шоми 30-уми августи соли 2011 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки яке аз балантарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, парафшон гардид. Дарозии Парчам 60 ва бараш 30 метр, баландии сутуни он 165 метр мебошад, ки дар ҷаҳон яке аз баландтарин Парчам маҳсуб меёбад. Парчами давлатии Тоҷикистон аз лиҳози баландӣ ва бузургӣ ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардидааст. Имрӯз ҳар фарде, ки ба назди сутунпояи муҳташами Парчами давлатӣ меояд, эҳсос мекунад, ки ин рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёди мо буда, мақсаду мароми неки мардуми соҳибтамаддунамонро дар ҷилои ранг­ҳояш инъикос менамояд. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва парафшон намудани ин рамзи муқаддас дар маркази вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар низ солҳои 2013-2022 идома ёфта, аз ҷумла, 25-уми сентябри соли 2013 дар ноҳияи Рашт, 26-уми июни соли 2016 дар шаҳри Хоруғ, 12-уми сентябри соли 2016 дар ноҳияи Зафаробод, 15-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Кӯлоб, 27-уми июни соли 2017 дар шаҳри Ваҳдат, 25-уми июни соли 2018 дар шаҳри Истаравшан ва ҳамингуна то соли 2022 дар қисмати зиёди шаҳру навоҳии мамлакат, майдонҳои Парчами давлатӣ бунёд гардидааст.

Ҳамин тавр, Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқ аст. Мардуми шарафманди тоҷик дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатиро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҳамеша муқаддас медорад ва таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи созанда дар фазои ваҳдату якдилӣ сӯи эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва шукуфоиҳои аз ин бештари ватанамон қадам мегузорад.

 


23.11.2022 739

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php