ҲИКОЯИ ПАНДОМЕЗ АЗ “МАСНАВИИ МАЪНАВӢ”-И ҶАЛОЛИДДИНӢ БАЛХӢ


ҲИКОЯИ ПАНДОМЕЗ АЗ “МАСНАВИИ МАЪНАВӢ”-И ҶАЛОЛИДДИНӢ БАЛХӢ

“Маснавии маънавӣ” яке аз машҳуртарин асарҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ буда, он пур аз ҳикоёту достонҳои пандомез мебошад. Таъсири он ба адабиёти хурду бузургидунё назаррас аст. Ба эҷоди асар соли 1225 шуруъ намуда, дар тули 10 сол онро эҷод кард. Асар аз 26500 байт иборат аст. Он мисли достонҳои маъмули адабиёти пешин сужети ягона надорад. Асар аз нигоҳи устухонбанди ба шаш дафтар қисмат шудааст ва ин шаш дафтар ба ҳам аз нигоҳи мавзуъ пайванд ё алоқаманд нестанд. Як умумияти байни дафтарҳо ин аст, ки нахуст оёти аз “Қуръон”, ҳадисе аз Расули Акрам, ҳикоя, латифа, нақлу ривоёт оварда мешавад ва пасон дар анҷоми онҳо мақсад, ҳадаф ва афкори адаб ва мутафаккир баён гардидааст.

Бисёре аз ҳикояҳо ва достонҳои ин шоҳасари Мавлоно дорои мазмун ва арзиши баланди ҳаёти буда, инсонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи нек, сифатҳои неки инсонӣ тарбия мекунанд ва дар вай рағбат ба омӯзиши илму ҳунарҳои муфидро афзун мегардонанд. Ба ҳамин хотир, ба ин асари безавол шарҳҳои зиёде навишта шуда, мазмуну матолиби ҳикоёту достонҳои он ба таври оммафаҳм шарҳу таввзеҳ дода шудаанд.

Дар зер намунае аз ин гуна шарҳҳоро дар мисоли шарҳи ҳикояти “Луқмон ва ғулом” хеле таъсирбахш буда, инсонро ба ростқавлӣ, нексиратӣ, интихоби дурусти дӯст ва вафодорӣ раҳнамун месозад. Ин ҳикояи пандуахлоқӣ буда, моро ба андеша водор мекунанд, то ки аз чунин рафтори ноодамони дур бошему яке аз пайравони Луқмон гардем.

Пас ту ҳар ҷуфте, ки мехоҳӣ, бигир,

Маҳви ӯ бошу сифоти Ӯ пазир.

Нур хоҳӣ, мустаиди нур бош,

Дурр хоҳӣ, хешбини дурр бош.

Ҳикояи “Ҷӯҳӣ” низ яке аз беҳтарин ҳикоёти маснавӣ буда, шоир онро хеле шевову гуворо ба риштаи назм кашидааст. Дар ин ҳикоя нолаи кӯдак ба марги падар, қабрро ба хонаи худ монанд кардани Ҷӯҳӣ, замонаи вазнин ва нооромии давр тасвир шудааст. Ин ҳикоя дар хонанда ҳисси шукронаи замони тинҷу обод ва фаровонро бедор месозад.

“Эй падар, охир, куҷоят мебаранд?

То туро дар зери хоке биспаранд.”

Гуфт Ҷӯҳӣ бо падар: “Эй арҷманд!

Валлоҳ, инро хонаи мо мебаранд!

Не ҳасиру не ароғу не таом,

Не дараш маъмуру не сақфу на бом!”

Мавлоно ҳикояи “Қиссаи зани Ҷӯҳӣ ва ишва додани Ӯ қозиро” бо мақсади огоҳ будан ва панд гирифтану аз мансаб истифода набурдан, мисли як гуруҳ нопокони аҳли ҷоҳ ва хиёнаткорон, ба монанди ҷозиву муфтӣ, хеле олиҷаноб иншо кардааст. Ба фикри мо ин рафтори ношоиста аз бесаводиву бемаданиятии аҳли мансаб нишон медиҳад. Маснавии Мавлоноро дарси ҳаёт гӯем, саҳв нахоҳам кард. Зеро ҳикояи “Марди аблаҳ ва хирс”, “Марди баққол ва тӯтӣ” низ аз ҷумлаи пандҳои судманданд барои зиндагӣ мебошанд.

Аз байни афкори боло бармеояд, ки таъсири панду ҳикоёти “маснавии маънавӣ”-и Мавлоно ба маънавиёти ҷавонон пас аз таҷрибаи ҳаёт гирифта шуда, дар рафти зиндагӣ хато накарданд, сабру таҳаммулро пеша кардан, то ангушти пушаймонӣ нагазидан, хиёнаткор набудан, дар интихоби дӯст хато накардан ва аз худ номи некро боқӣ гузоштанро тараннум мекунад.

Қаюмова М.А., Мананова П.И.

омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ


23.11.2022 775

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php