РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ “БАРНОМАИ ПЕШГИРИИ НОРАСОИИ МИКРОНУТРИЕНТҲО ВА БЕМОРИҲОИ ВОБАСТА БА ОН ДАР БАЙНИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2027” ДАР СОЛИ 2022 БАРРАСӢ ГАРДИД


РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ “БАРНОМАИ ПЕШГИРИИ НОРАСОИИ МИКРОНУТРИЕНТҲО ВА БЕМОРИҲОИ ВОБАСТА БА ОН ДАР БАЙНИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2027” ДАР СОЛИ 2022 БАРРАСӢ ГАРДИД

17 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе вобаста ба раванди амалисозии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” дар соли 2022 ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, намояндагони парлумони кишвар, вазорату идораҳо, шарикон оид ба рушд ва роҳбарону намояндагони як қатор сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.


Зикр гардид, ки ҳолати беҳтар гардидани вазъи ғизо барои мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ хеле зарур мебошад.

Масъалаҳои ташкили ғизои аҳолӣ яке аз самтҳои асосии стратегии Ҳукумати мамлакат буда, дар солҳои охир қабул гардидани 2 қонун, 2 стратегия, 4 барнома ва 1 нақшаи сатҳи миллӣ  гувоҳи муҳим будани масъалаи мазкур мебошад.

Бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд тавассути ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”-ро қабул намуд. Дар доираи амалисозии қонуни мазкур “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №415 тасдиқ гардид.


Мақсади барномаи мазкур пешгирии норасоии микронутриентҳо дар организми инсон ва бемориҳои вобаста ба он (ҷоғар, камхунӣ, норасогии найчаи асаб ва ғайра) тавассути таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани фаъолияти байни идораҳо, назорати сифати маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, таъсиси низоми пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд бо роҳи ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ бо микронутриентҳо дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Барномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи амалисозии он ба зиммаи вазорату идораҳои дахлдор вогузор карда шудааст, ки бо ҷалби шарикон оид ба рушд татбиқ карда мешавад.

Дар ҷаласа як қатор иштирокчиён доир ба рафти татбиқи барномаи мазкур баромад намуданд. Атрофи маърӯзаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа муҳокимаронӣ сурат гирифт.

moh.tj







18.11.2022 519

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php