МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ


МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

Рӯйдодҳои охири ҷаҳон аз гувоҳӣ медиҳанд, ки афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳона мусоидат карда истодааст. Яке аз падидаҳое, ки ба ҷомеаҳо таҳдид мекунад, ин рушди радикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Зери ин истилоҳ таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ фаҳмида мешаванд. Албатта, радикализм падидаи навзуҳур аст, ба қавли ҷомеашиносон он дар кишварҳое реша мегирад, ки дар давраи гузариш қарор доранд. Радикализм ҳамчун истилоҳ маҷмӯи андешаҳои ҳаракатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ мақсади дигаргун кардан, аз беху бун сарнагун сохтани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад. Радикалҳо дигаргуниҳои фаврӣ ва қатъӣ ворид намуданро ҳатто бо роҳи зӯроварӣ дуруст мешуморанд, аммо пас аз ба ҳадаф расидан канорагиру бетараф мешаванд. Ба ақидаи ҷомеашиносон радикализм зинаи аввали инкишофи экстремизм, яъне, ифротгароӣ мебошад.

Экстремист нафарест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравӣ аст. Ин зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто соҳаи варзиш инъикос ёбад. Ифодаи ифротгароӣ хеле решадор аст, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Намуди дигари фаъолияти экстремистӣ ташвиқоти амалиёти террористӣ мебошад. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудаанд ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. Равнақу ривоҷи экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад.

Террорист Ватан надорад. Мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои осудаҳолии падару модар, фарзандон, наздикон ва ҳимояи Ватан андешаҳои беарзишу ифротгароёнаи баъзе аз ашхоси ҳарзагуву курнамакро, ки худ ба Ватану миллаташ ҳеҷ хизмате накардааст, бовар накарда, маҳкум намоем ва ба қардри ҳар як лаҳзаи оромиву озодӣ бирасем. Ҳамчунин, барои мубориза бурдан бо радикализм, экстремизм ва терроризим бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва њар ќатраи обу хоки сарзамини аљодиямонро эмин нигоҳ доранд.

 

Қиёмиддин Шукуров

мутахассиси Хадамоти ректор

 

 

 


30.11.2023 746

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php