Баргузоршавии имтиҳонҳои дохилшавии довталабон ба магистратура, доктори фалсафа (PhD), докторантура аз рӯи ихтисос ва аспирантура
Шуруъ аз санаи 05.10.2022 то 08.10.2022 қабули довталабон ба зинаҳои магистратура, доктори фалсафа (PhD), докторантура аз рӯи ихтисос ва аспирантура дар шуъбаи тайёркунии кадрҳои илмии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” идома меёбад. Довталабон – шаҳрвандони дохилию хориҷӣ, ки ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба шуъбаи мазкур пешниҳод намуданду барои супоридани имтиҳонҳо иҷозат гирифтаанд, нахустин имтиҳонро дар шакли диктант бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ супориданд. Имтиҳонҳои навбатии довталабон аз таърих ва фалсафаи илм, забони хориҷӣ ва ихтисос мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки то санаи 08.10.2022 довталабон имтиҳонҳоро супорида, довталабони беҳтарин ба зинаҳои таҳсили магистратура, доктори фалсафа (PhD), докторантура аз рӯи ихтисос ва аспирантураи назди Донишгоҳ қабул карда мешаванд.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор,
Шуъбаи тайёркунии кадрҳои илмӣ