Аҳамияти Дарси сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамасола дар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якуми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил мегардад. Таҷлили Дарси сулҳ ва оғоз гардидани соли нави таҳсил дар мамлакат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне, насли ояндасози миллат мебошад. Дар ин рӯз ҳазорон нафар кӯдакон бори аввал барои таҳсил дар синфи якум ба остонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ – боргоҳи илму маърифат қадам мегузоранд.
Дарси сулҳ насли наврасу ҷавонро ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарѓиби сулҳу суббот даъват менамояд. Дар дарси сулҳ пайваста Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастоварду пешравиҳо, натиҷаҳои ислоҳоту навсозӣ, татбиқи консепсияву барномаҳои давлатӣ, сатҳи донишу малакаи донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳа, мушкилоти дар низоми иҷтимоии аҳолӣ мавҷуда ва нисбат ба бурду бохти соҳаи илму маориф ҳамчун самти ояндасози давлат ва ҳалли масъалаҳои соҳа ёдовар шуда, насли ҷавонро ба илмомӯзӣ ва омӯзгоронро ба тарбияи дурусти насли ҷавону наврас ҳидоят менамоянд.Таваҷҷуҳ ба сулҳу оромӣ дар оѓози соли нави таҳсил аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат, ҳар яки моро водор месозад, ки доир ба моҳияти сулҳ, аҳаммияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити мураккабу зудтаѓйирёбандаи ҷаҳон бори дигар андеша кунем. Масъалаи сулҳ дар ҳамаи давру замонҳо, бахусус, дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони имрӯза аз ҷумлаи масоили ниҳоят муҳим буда, ҳифзи он шарти асосии пойдории ҳар як давлат ва дар маҷмӯъ, амнияту осудагии ҷомеаи башарӣ мебошад. Ҷавонони мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки илму дониш омӯхтан, соҳиби касбу ҳунар шудан ва зиндагии осудаву фаъолияти самараноки онҳо дар оянда аз ин омили ҳаётбахш, яъне, сулҳу оромии кишвар ва суботи сиёсии ҷомеа вобастагии мустақим дорад.
Рӯзи дониш дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли ҳамчун санаи бузургдошти маърифату дониш истиқбол гирифта мешавад. Қобили зикр аст, ки дар ҷаҳони муосир илму дониш ба сифати яке аз сарчашмаҳои пешрафти ҷомеа аҳамияти торафт афзоянда пайдо карда истодааст. Аз ин нуқтаи назар, ҳаёт ва пешрафти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳар як инсон бояд соҳиби маърифат ва касбу ҳунар бошад ва ин амр танҳо бо роҳи фарогирии дониш ва омӯзиши пайваста муяссар мегардад. Дар замони Истиқлоли давлатӣ маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва афзалиятноки ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда, барои рушди соҳа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад. Ҳамин аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ биноҳои муосири муассисаҳои таълимӣ бунёд гардида, барои муҳасилин шароити беҳтарини таълиму тадрис фароҳам оварда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар аѓози соли нави таҳсил –Рӯзи дониш иншооти навсохти соҳаи илму маорифро ба истифода дода, бори дигар аз моҳияти сулҳу субот ва арзиши волои ваҳдату иттиҳод, ки асосан дар муассиаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат мавриди омузиш қарор мегирад, ёдовар мешаванд. Ҳамчунин, дар вохӯриҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф рушду пешрафт ва мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳаи калидии давлату ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Қобили таъкид аст, ки дар асоси таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи муассиаҳои таҳсилоти олии мамлакат афзоиш ёфт.
Таъмини рушди устувори иқтисодиёт, истифодаи оқилонаи сарватҳои моддиву маънавӣ, ташаккули шаклҳои самараноки идораи давлатӣ, амалӣ гаштани мақсадҳои стратегии давлат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ ба сатҳи рушди нерӯи инсонӣ вобаста аст. Ба хотири расидан ба ин ҳадафҳо илму маориф аз тарафи давлат бахши ҳаётан муҳими иқтисоди миллӣ арзёбӣ гашта, барои суръат бахшидан ба ислоҳоти соҳа заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия гардида, имрӯз мавриди амал қарор гирифта истодаанд. Бо назардошти омили муҳим ва афзалиятнок будани соҳаи илму маориф дар пешрафти давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар оѓози соли нави таҳсил бо хонандагону донишҷӯён ва кормандони соҳаи маориф мулоқот менамоянд, ки ин дар рушду таҳкими минбаъдаи соҳа, дарки воқеии аҳамияти суботу оромии ҷомеа дар ҷаҳони пуртаззоди муосир ва баланд гардидани сатҳи донишу ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён заминаҳои мусоид фароҳам месозад.
Дарси сулҳ ва рӯзи дониш беҳтарин имкониятест, ки дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа муҳим таъкид мегардад.
Бояд таъкид кард, ки дар тули солҳои соҳиситиқлолии мамлакат барои мукаммал намудани шароити таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои илмомӯзӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин замина садҳо иншооти наву замонавии соҳа дар тамоми гушаву канори мамлакат бунёд карда шудааст. Баргузории дарси сулҳ аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонони мо таъсир расонида, дар рӯҳияи эҳтироми сулҳу оромии мамлакат, илму маърифат ва Ватани аҷдодӣ тарбия ёфтани онҳо мусоидат хоҳад кард, зеро бидуни ташаккули зеҳнияти хонандагони соҳибистеъдод ва бе омӯзонидани донишҳои муосир, таълими электронӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо ва ворид намудани технологияҳои нав мо наметавонем ба ҳадафҳои неку ояндасози худ ноил шавем ва рушди минбаъдаи сармояи инсониро дар мамлакат таъмин намоем. Фаромӯш набояд сохт, ки ояндаи ободи Ватани аҷдодиамон ба донишандӯзии имрӯзаи наврасону ҷавонон вобастагии амиқ дорад.
Илму дониш барои халқи тоҷик аз қадим мақоми хос дошт ва мардуми бофазлу ҳунари тоҷик ба ин манбаи маърифат ҳамеша арҷ мегузоштанд. Ҳар яки мо низ бояд суннатҳои неки гузаштагонамонро эҳтиром намоем, аз усулҳои муосири таълиму тарбия истифода кунем, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии насли навраси кишварамонро тавсеа бахшем, дар зеҳни онҳо эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдориро ҷой диҳем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонем.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор