Истиқлолияти энергетикӣ ва нақши он дар таҳкими иқтидорҳои бузурги энергетикии Тоҷикистон


Истиқлолияти энергетикӣ ва нақши он дар таҳкими иқтидорҳои бузурги энергетикии Тоҷикистон

Истиқлоли давлатӣ ҷавҳари рушду тараққиёт, пешрафту шукуфоӣ, ҳаёти осудаву арзанда ва ҳифзу муаррифии арзишҳои волои ҳар як давлату миллат ба ҳисоб меравад. Миллати куҳантамаддуни тоҷик баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созандагию бунёдкориро мароми хеш қарор дода, зина ба зина бо меҳнату заҳмати софдилона ба зиндагии шоиста ноил мегардад. Истиқлоли давлатӣ тоҷиконро дар арсаи олам ҳамчун миллати бунёдкору бонангу ор ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фаъолу пешоҳанг дар ҳалли мушкилоти глобалӣ муаррифӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳон ташаббусҳои созандаи мамлакати моро қобили пуштибонӣ ва пайравӣ қарор доданд. Дар ин давра таъмини зиндагии шоистаи мардум, суботу амният, рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии шоистаи мамлакат дар арсаи олам аз мақсаду вазифаҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Бо мақсади комёб гардидан ба ин нияту нақшаҳои нек, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат ҳадафҳои стратегии халқу давлати Тоҷикистон муайян гардиданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои стратегӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гашт. Истиқлолияти энергетикӣ аз ҳадафҳои стратегӣ ва нишондоди аслӣ барои пешрафти иқтисодиёт маҳсуб меёбад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди низоми ягона ва ба кор андохтани иқтидорҳои бузурги энергетикӣ ноил гардидааст. Бо талошу заҳматҳои хастонапазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз хонадони ҳар фарди тоҷик пурнуру муҷаллост. Агар дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат ҳамагӣ 25 нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ бо иқтидори 4 ҳазору 404,35 МВт фаъолият мекарданд, имрӯз шумораи чунин манбаҳои истеҳсоли барқи аз лиҳози экологӣ тоза ба бештар 306 адад расидааст, ки иқтидори умумии онҳо 6 ҳазору 120,59 МВт-ро ташкил медиҳанд. Бо ба кор андохтани иқтидорҳои нави соҳа Тоҷикистон на танҳо пурра ба исиқлолияти энергетикӣ ноил мегардад, балки ба як кишвари содиркунандаи энергияи арзон табдил меёбад. Бо мақсади таҳкими истиқлолияти энергетикӣ бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истеҳсоли барқ дар кишвар сол то сол зиёд мегардад. Имрӯзҳо дар мамлакат бунёди даҳҳо неругоҳҳо, зеристгоҳҳои барқӣ ва таҷдиду барқарорсозии дигар иншооти соҳа бо маром идома дорад. Ҳоло Тоҷикистон, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ доир ба истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад. Тоҷикистон имконият дорад, ки баъди пурра ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла, нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз лиҳози фоизи истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи намоёнро касб намояд ва ин муваффақият нақши созандаи Тоҷикистон дар ҳалли яке аз мушкилоти глобалӣ – кам кардани партовҳои гази карбон ба ҳавои атмосфера ва коҳиш додани оқибатҳои манфии гармшавии иқлим хоҳад буд. Ба кор андохтани агрегатҳои нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне, иншооти тақдирсози аср ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва қадами бузургу устувор дар самти таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


10.08.2022 596

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php