Рӯзи умумиҷаҳонии донорҳои хун
14 июн ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун аст. Ин рӯз ба муносибати зодрӯзи табиби австриёӣ барандаи ҷоизаи Нобел Карл Ландштейнер интихоб шудааст, ки аввалин маротиба гурӯҳҳои хуни инсонро кашф кардааст. Шурӯъ аз соли 2005 ин сана чун Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад ва мақсад аз он ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба муҳимияти супоридани хун, тозагии он ва ҳамчунин ибрози сипос ба донорҳо мебошад.
Имрӯз рушди тибби муосир, ҷарроҳиҳои вазнини пайвандсозии узвҳо ва системаи рагҳо, кумаки таъхирнопазири акушерӣ ва таҷрибаи педиатрияро бе истифодаи самараноки ҷузъҳои хуни донорӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Дар Тоҷикистон низ ҳар сол бахшида ба ин рӯз тадбирҳои гуногун баргузор мегарданд. Қонуни ҶТ «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он» (с.2009, №3, мод. 96) муносибатҳои вобаста ба рушди донории хун ва ҷузъҳои онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, амалӣ гардидани чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва тиббии ташкили ҳаракати донорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи донорҳоро таъмин менамояд. Дар моддаи 1-уми қонуни мазкур- Принсипҳои донории хун ва ҷузъҳои он, гуфта шудааст:
Принсипҳои асосии донории хун ва ҷузъҳои он иборатанд аз:
-инсондӯстӣ;
-ихтиёрӣ;
-беподошӣ;
-безарарии вазифаи донорӣ барои одам;
-бехатарии истифодаи хуни донорӣ ва ҷузъҳои он.
Муҳимтарин барнома-баргузории нуқтаҳои сайёри хунгузаронӣ дар саросари кишвар аст, ки дар ин рӯз ташкил карда мешавад ва сокинони ҷумҳурӣ таҳти шиорҳои «Хун супор ва ҳаётеро наҷот деҳ», «Хуни ту ҳаёти касеро наҷот мебахшад» ба марказҳои қабул омада, хун месупоранд. Ҳамасола нафарони зиёде дар чунин чорабиниҳо иштирок карда, хун месупоранд, ки ба андешаи мутахассисон, он барои наҷоти садҳо нафар кӯмак менамояд. Ба гуфтаи мутахассисон хунсупорӣ фоидаовар аст. Бемориҳои системаи рагҳои хунгард, бемориҳои ишемияи дил, сактаи майнаи сарро пешгирӣ намуда, системаи иммунитети шахсро мустаҳкам менамояд. Аз ҳама муҳим, ҳаёти касеро наҷот медиҳад.
Донори хун будан ё хун супоридан дар аксари кишварҳо ба одат табдил ёфтааст. Чанд соли охир дар Тоҷикистон ҳам раванди афзоишёбии хунсупорандагон мушоҳида мешавад. Тибқи Қонуни ҶТ «Оид ба донории хун ва ҷузъҳои он» бояд занҳо 15 ва мардҳо 20 литр хун супоранд, то «Донори фахрӣ» шаванд.
Ҳайати МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, ки аз аҳамияту зарурати хунсупорӣ огоҳ ҳастанд, бо дарки масъулият дар чунин чорабиниҳо иштирок карда, хун месупоранд. Имрӯз сафи донорони хунсупоранда дар донишгоҳ меафзояд. Ин амали нек аст, чун бо супоридани хун мо метавонем ҷони касеро наҷот диҳем.
Шуъбаи иттиллот ва робита бо ҷомеа