Агар обшавии пиряхҳо идома ёбад, Осиёи Марказӣ ба камбуди об дучор мешавад
Дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки 6-уми июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид, то 9-уми июн идома хоҳад кард. Ин Конфронс паёми муҳимеро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи обу иқлим хоҳад расонид.
Дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» беш аз 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок доранд.
Дар маросими кушодашавии Конфронс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавзӯи асосии суханронии Президенти Тоҷикистон дар ҳамоиш обшавии пиряхҳо буд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки агар обшавии пиряхҳо идома ёбад, Осиёи Марказӣ ба камбуди об дучор мешавад. Бино ба гуфтаи Сарвари давлат, танҳо дар чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пирях дар Тоҷикистон аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст. Президенти кишвар изҳор доштанд, ки агар обшавии пиряхҳо тезтар шавад, Осиёи Марказӣ солҳои оянда ба мушкили камобӣ мувоҷеҳ хоҳад гардид: «Захираҳои об нақши калидӣ доранд, вале дар айни замон, ин захираҳои ҳаётан муҳим имрӯз зери таъсири шадиди тағйироти иқлим қарор гирифтаанд. Ҳол он, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои саноатӣ ба шумор намеравад ва 98 фоизи неруи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ, манбаи барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад.»
Тоҷикистон аз обҳои кишвар танҳо 4 дарсадашро истифода мебарад ва боқии он барои кишварҳои поёноб меравад. «Агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафари аҳолӣ дар минтақа солона зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукаабро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда имрӯз зиёда аз чор баробар кам гардидааст», – гуфтанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
Конфронси Душанбе марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, хоҳад буд. Интизор меравад, ки Конфронси Ню-Йорк на танҳо аз нигоҳи вақт (бори нахуст пас аз тақрибан 50 сол), балки аз ҷиҳати натиҷагирӣ низ таърихӣ буда, нуқтаи гардиш дар суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои обро нишон медиҳад.
Турсунова З.- шуъбаи иттиллот ва робита бо ҷомеа