Мақоми дониш дар ашъори классикон
Илму дониш дар осори классикон мавқеи хоса дорад. Аркони сухан донишро шарти асосии адаб ёфтани инсон шинохтаанд.
Султони шоирони олам Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ донишро чароғи равшани дил ва ҷавшани бади ҳифзкунанда ба қалам додааст:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст
Дар афкори шоир Фирдавсӣ шахси донишманд тавонгар буда, ба гуфтору кирдор низ намуна аст. Аз ин чунин хулоса бармеояд, ки дониш ба инсон хушбахтӣ ва зиндагии хуб ато мекунад. Шахси бедониш ҳамеша дар роҳи ҳаёт овораву сарсон аст. Моҳияти донишро байти шоир хеле равшан инъикос намудааст:
Касе к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,
Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.
Шахси хирадманд дар ҳама давру замон дар ҷомеа маҳбубияти хоса дорад ва тавассути илму ҳунар мушкилоти мардумро осон мекунад. Ана ҳамин рисолати илму дониш буд, ки Абӯалӣ ибни Сино ҳазорон маризонро аз чанголи марг раҳо кардааст. Ин олими машҳури дунё дар шеъраш тани инсонр ба шиша, илмро ба чароғ ва ҳикматро ба равған монанд кардааст, ки ҷолибу хотирмон аст:
Тан мисоли шиша асту илм монанди
чароғ,
Ҳикмати инсониро равған ҳисобидан
равост.
Ба назари орифонаи Саъдии Шерозӣ тавонгарӣ ба донишу ҳанар ва бузургӣ ба ақл аст. Давлату дороӣ нишони тавонгарӣ ва синну сол нишони бузургӣ нест. Ба ин маънӣ гуфтааст:
Тавонгари ба ҳунар аст, на ба мол,
Бузургӣ ба хирад аст, на ба сол.
Илму дониш дар нигоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ барои зиндагии ибратбахш ногузир буда, мисли шамъест, ки пайваста шоми рӯзгорро равшан мекунад. Аз ин рӯ, таъкид мекунад, ки машъали илмро ҳамеша фурӯзон нигоҳ дорем:
Ба кор ояд, илме, ки омӯхтӣ,
Макуш машъалеро, ки афрӯхтӣ.
Абдулқодири Бедил қадру қимати мардро на ба симу зар, балки бо илму ҳунар марбут медонад. Зеро ӯ хуб медонад, ки умри симу зар хеле кутоҳ буда, илму ҳунар ҷовидонист. Ҳамин аст, ки аз дороии шоҳон чизе намонд, вале осори бузургони илм то кунун аврақи сабзи оламро зиннат медиҳад. Андешаҳои Бедил ин фикрро ба тамоми маънияш бозгу мекунад:
Қимати мард на симу зар аст,
Қимати мард ба илму ҳунар аст
Фаро гифтани дониш ҳануз анҷоми кор нест. Амал шарти асосии аз дониш баҳра бурдан аст. Агар кас илму амалро дар якҷоягӣ истифода намояд, эътибору нуфузи он ба маротиб боло меравад. Барҳақ, шоири дурбин Бадриддин Ҳилолӣ фамудааст.
Илмат ба амл чу ёр гадад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Ба қадри илму дониш расидан дар афкори шоири ориф Аттор равшан ба назар мерасад. Шоир таъкид мекунад, ки илмро хор макун, зеро он қадри зиёд дорад. Пас мо вазифадорем, ки илму донишро мисли як ҷузъи асосии ҳаёт пиндошта, иззат намоем. Байти шоир бори дигар ин андешаро ёдрас мекунад:
Илм агар андак бувад, хораш мадор,
З-он ки илм дорад қадри бешумор.
Шоири бузурги тоҷик Носири Хусрав барои донишманд шудан дар машварати аҳли илм буданро шарти асосӣ медонад
Нишин бо аҳли илм, эй дӯст,
Ки аз дониш басе ёби саранҷом.
Хулоса, мақоми дониш дар ашъори шоирони классик дар арши аъло қарор гирифтааст. Аркони сухан эътибори илму донишро то авҷи Зуҳал бароварда, аз худ мероси гаронбаҳо ба мо ёдгор гузоштаанд. Насли имрӯз метавонад аз ин махзани фарҳангии ниёгон барои бартараф кардани мушкилоти хеш самаранок истифода намояд. Дониш бо рисолати созандагии худ ба инсон ҳамеша бахту саодат меорад.
Қаюмова М.А., Мананова П.И., Ортукова С.М. - устодони кафедраи забонҳои хориҷӣ