Конфронси умумиҷаҳонии илмӣ-амалӣ бо тариқи онлайн дар ДДТС баргузор шуд
Дар ДДТС конфронси умумиҷаҳонии илми-амалӣ бо тариқи онлайн дар мавзуи “Иноватсияҳои технологӣ дар тандурустӣ: имкониятҳои нав дар тибби даруна” баргузор шуд. Дар он намояндагон аз донишгоҳҳои Осиёи Миёна иштирок намуданд. Аз ҷониби ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино н.и.т., дотсенти кафедра Хоҷаева Н.Н. ва духтури атфол – интерн Ятимов М.Н. иштирок намуданд.
Сараввал ҷонишини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон Иноятов А.Ш. конфронсро оғоз намуд ва баъд аз ӯ ректори ДДТС Ризаев Ж. А. иштирокчиёни конфронсро хушомадед гуфт. Дотсенти кафедра, н.и.т. Хоҷаева Н.Н. дар қисми 5 – уми конфронс -“Эндокринология ва Гематология” бо маърузаи илмии “Ҳодисаи клиникии анемияи апластикии пайдошуда бо ҳамроҳии инфексияи коронавирус” ва духтури атфол-интерн Ятимов М.Н. дар қисми 7 – уми конфронс- “Мактаби олимони ҷавон” бо маърузаи илмии “Таъсирнокии терапияи хелаторӣ ва нақши иммунитети гуморалӣ дар беморони гирифтори анемияи гемолитикии ирсӣ” баромад намуданд.
Давлатова С.Н. дотсент, н.и.т. - мудири кафедра
Хоҷаева Н.Н. дотсент, н.и.т. - мутасаддии кафедра оид ба кор бо интерна ва ординаторҳо