Ҳамсафари сайёраи Замин - Моҳ чӣ хел кашф шудааст?!
Сайёраи Замин як радифи табиӣ дорад. Бори аввал олими итолиёӣ Галилео Галилей тавассути телескопи худсохташ ҳамсафари Заминро мушоҳида кард. Шаклу манзар ва нуқтаҳои аҷиби Моҳ диққаташро ба худ кашид. Ибтидо аз ҳамон айём, минбаъд харитаи самти айёни Моҳро тартиб доданд ва ба омӯзиши радифи табиии Замин машғул шуданд. Дар замони муосир тавассути таҷҳизоти хушсифат ва технологияи муосир сатҳи Моҳ хеле хуб омӯхта мешавад, ки аслан кӯҳу теъдоди зиёди танӯраву майдончаҳо, баҳру уқёнусу кӯлҳои беоб ва дигар манзараҳои аҷибро дар бар мегирад.
Моҳ атмосфера надорад, ки таъсири афканиши нури Офтобро кам карда, сатҳашро аз нурҳои кайҳонӣ муҳофизат созад. Дар Моҳ обу ҳаво, фаслҳои сол ва абру туман вуҷуд надорад. Баландтарин ҳарорати Моҳ: рӯзона +120 0С ва дар самти баръаксаш, ки шаб аст, ҳарорати паст ба -160 0С баробар аст. Бо сабаби надоштани атмосфера, аз сатҳи Моҳ метавон дар рӯзи равшан ҳам ситораҳои тобон ва дигар сайёраҳоро мушоҳида кард. Табиист, ки мо Моҳро дар рӯи Замин на фақат шабона, балки дар рӯзи равшан ҳам дида метавонем. Вақти гардиш дар гирди меҳвараш, ҳангоми давр задан ба Замин баробар мешавад. Аз ин рӯ, доимо ба Замин яктарафа метобад. Қувваи ҷозибаи Моҳ аз қувваи ҷозибаи рӯи Замин шаш маротиба хурд аст. Пайдоиши онро ба 4 миллиард сол баробар медонанд. Сатҳи Моҳ рӯзона хеле тафсон, шабона бошад, хеле хунук аст. Аз ин рӯ, барои саломатии муҳаққиқоне, ки дар рӯи Моҳ мешинанд, чораҳои махсус дида мешавад. Тадқиқотчиён либоси махсус, ба истилоҳ “скафандр” мепӯшанд. Барои нафаскашӣ ҳаво захира мекунанд, барои бо ҳам алоқа доштан радиостансия доранд ва барои ҳаракат аз як ҷо ба ҷои аз киштии кайҳонӣ истифода мебаранд.
Хурду бузург тофтани Моҳ ба хотири бо гузашти вақт тағйир хӯрдани фазаҳои Моҳ ба амал меояд. Омили асосии пайдо шудани фазаҳои Моҳ нисбат ба якдигар, ҷой иваз кардани мавқеи Офтобу Замин ва Моҳ аст. Асосан чаҳор фазаеро,ки аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва пай дар пай иваз мешаванд, метавон мушоҳида кард.
Чояки аввал -моҳи нав (ҳилол)
Чоряки охир -моҳи пурра (бадр)
Фазаҳои Моҳу Замин бо ҳам муқобил меистанд. Агар Моҳ нуқтаи байни Замину Офтобро гирифта, ба Офтоб моил шавад, дар ин вақт тарафи тираи Моҳ ба самти Замин нигарон шуда, аз рӯи Замин наметобад. Аз ин рӯ онро моҳи нав ё ҳилол меноманд. Қисмати равшани Моҳ бо гузашти вақт тағйир хӯрда, фазаи навро соҳиб мешавад, ки онро чоряки аввал меноманд. Шакли он харбузаро мемонад ва дар назари мо Моҳ бузург шудан мегирад. Дар ин вақт нисфи Моҳ рӯшан ва ними дигараш торик мешавад. Агар Моҳ нисбати Офтоб нуқтаи муқобилро гирад, пас Моҳи пурра дар осмон тамоми шаб дар чунин ҳолат пурра намоён мешавад. Дар ин вақт мо аз Замин кураи пурра равшаншудаи Моҳро дар ҳамон мавриде мебинем, ки агар Офтобу Замину Моҳ дар як хати рост бошанд. Ин фазаро моҳи пурра меноманд. Дар ин соат, Моҳ пас аз ғуруби Офтоб, аз пушти уфуқ намоён мешавад. Саҳаргоҳон, баробари дамидани субҳ ва тулуи Офтоб, Моҳ баръакс ба пушти уфуқ пинҳон мешавад. Пас аз 7 рӯз, ки Моҳ пур шуд, тарафи ғарбии Моҳ торик мешавад ва шакли нимдоираи равшанро мегирад. Ин ҳолатро фазаи чоряки охир меноманд. Баъдан, равшании сатҳи аёнаш кам шуда, боз ҳамон шакли камони борикро мегирад. Аз самти Шарқ, субҳи содиқ то тулуи Офтоб намоён шуда, бо гузашти 2 ё 3 рӯз, тамоман нопадид мешавад ва сониян боз моҳи нав пас аз 7 рӯз пайдо мешавад. Яъне, тағйир ёфтани фазаҳои аҷиби Моҳ ба мавқеи он нисбат ба мавқеи Замину Офтоб вобаста аст ва бо гузашти вақт тарҳи хурду калонро мегирад.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор
Мирализода Умед
муҳаққиқи ҷавон