Забондонӣ воситаи асосии омӯхтани илм дар ҳама давру замон аст


Забондонӣ воситаи асосии омӯхтани илм дар ҳама давру замон аст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додааст. Тайи даҳсолаи ахир дар кишвари мо бо дастуру роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду санади муҳими дигар қабул гардид, ки ба рушди омӯзиш ва таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, такони ҷиддӣ бахшиданд. Инҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003 «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003 «Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» мебошанд.

Айни замон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русию англисӣ аҳамияти хосса зоҳир карда мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш таъкид намуданд, ки мо дар замони истиқлол ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дар навбати аввал, русиву англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори ҷиддӣ додем ва бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки дар ин самт ба пешравиҳои бесобиқа ноил гардидем. Имрӯз беш аз 40 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди Тоҷикистон, ки донандагони забонҳои хориҷӣ мебошанд, дар 33 давлати пешрафтаи ҷаҳон ва зиёда аз 100 ҳазор нафар, ки ҳамчунин донандаи забонҳои хориҷӣ мебошанд, дар дохили кишвар таҳсил карда истодаанд.

Президенти кишвар дар Паёми имсолаи хеш низ ба таваҷҷуҳу ғамхории ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба маориф таъкид намуда, қайд карданд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон таъкид карданд: «Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.” Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад. Ин аст, ки Ҳукумати кишвар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар ин замина Президенти кишвар таъкид намудаанд: “Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем”.

Зимнан, забондонӣ воситаи асосии омӯхтани илм дар ҳама давру замон ба шумор меравад. Бо таваҷҷуҳ ба таърихи гузаштаи миллати хеш, мебинем, ки донишмандони мо баробари донистани забони модарӣ ба омӯзиш ва аз бар намудани забонҳои халқҳои дигар талош менамуданд. Аксари бузургони миллати мо дар замони хеш чандин хатту забонҳои пешрафтаи давронашонро аз бар карда, бо он забонҳо асарҳои нодиру оламшумули илмӣ, адабӣ ва бадеӣ эҷод кардаанд, ки то ба имрӯз мазмуну моҳияти хешро нигоҳ доштаанд. Бояд гуфт, ки муҳимияти забономӯзиву забондонӣ то кунун аҳамияти худро аз даст надода, балки рӯз аз рӯз вусъат ёфта истодааст. Ҳастии миллат пеш аз ҳама дар маънавияту фарҳанг ифода ёфта, дар забон таҷассум меёбад. Яъне, фақат мавҷудияти моддӣ ва ҷисмонӣ нишони ҳастии инсон ва шахсе, халқеву миллате нест. Забон аст, ки нишонаҳои ҳастии мардумонро ба ҷилва меорад, ба худи онҳо ва дигарон намоиш медиҳад, барои устуворӣ ва ривоҷу равнақи ҳар кадоме аз он аломатҳо замина тайёр мекунад. Ин аст, ки инкишофи забон ва маънавият сахт ҳамбастаи якдигар буда, ҳар ду чун оинаи ҳолати якдигар, ҳолати шахс ва миллатро намудор месозанд. Мавқеи таърихии ҳар халқ вобаста ба он аст, ки маънавияти ӯ ба чӣ поя расидааст ва забондонӣ низ гӯшае аз баландии маънавият аст. Забондонӣ шарти асосии ҷаҳондонӣ ва ҷаҳонишавии шахс аст. Бинобар ин, имрӯз сокинони кишвар, аз ҷумла ҷавонон, ки созандагони имрӯзу ояндаи миллат ҳастанд, бо дарназардошти дурнамои рушди давлатдории худ бояд донанд, ки яке аз шартҳои он аз худ кардани забонҳои хориҷӣ мебошад. Омӯзишу аз бар намудани забонҳои хориҷӣ роҳи моро барои расидан ба комёбиву муваффақиятҳо кушода месозад. Зарурати дигари омӯзиши забонҳои хориҷӣ муаррифӣ кардани кишвар дар арсаи байналмилалист. Ҷавонони кишвар барои ҳарчи бештар муаррифӣ намудани фарҳангу адабиёт, таъриху санъат, расму оин ва анъанаҳои миллии мо, ки то ҳанӯз дурдонаҳои маънавии дастнорас ва ё камёб барои ҷаҳониён маҳсуб меёбанд, масъулияти баланд бар дӯш доранд. Онҳо танҳо дар сурате ба таври комилу шоиста давлати худро муаррифӣ карда метавонанд, ки донандаи хуби забонҳои хориҷӣ бошанд. Илова бар ин, донистани забонҳои хориҷӣ доираи кору фаъолияти ҷавононро ҷаҳонӣ намуда, ба онҳо имконият медиҳад, ки дар тамоми давлатҳо ва созмону ташкилотҳои дунё кору фаъолият намоянд. Бинобар ин дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷавонон бояд ҳарчи бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд, то забондонию забономӯзии худро сайқал дода, дар муаррифии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.

Турсунова З.Г.- мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


26.02.2022 287

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php