23-феврал Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба «23- феврал Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» миниконфронс дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» баргузор гардид.
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Дар ин муддати нисбатан кутоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба неруи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамалакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Тайи 29-соли фаъолият Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбанд
Мо аскари сомонем,
Шерони хуросонем
Ин хоки ниёгонро
Пайваста нигаҳ дорем!
Мудири кафедра н.и.т. Маҷонова М. Ҷ.
Мутасаддии кафедра оиди тарбия Салимов А.