Агар сесад забон дони фузун нест.
Огоҳ будан аз асолати хеш, устувор нигаҳ доштани ҳуввияти миллӣ, ҳисси ватанпарастӣ,дӯст доштани забони модарӣ ва дар ин замина эҳтиром гузоштан ба арзиши забонҳои дигар рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони кишвар аст.Ҳамасола мувофиқи қарориСессияи 30-юми Конференсияи Генералии ЮНЕСКО (аз 17 ноябри соли 1999) Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад. Ҳадаф аз ин ҷашн пеш аз ҳама ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба гуногунрангии забонҳо ва рушду инкишофи онҳо, мусоидат намудан ба рушду нумӯи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва ҳамаҷониба дастгирӣ намудани забонҳои дигар ва ғайра мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ҳамасола 5 октябр ба ифтихори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ- Рӯзи забон таҷлил карда мешавад. Мақсади асосии ин ҷашн низ мусоидат намуданба рушду нумӯи забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” низ ҳар сол дар ин рӯзи муборак бо иштироки устодон ва донишҷӯёни ватанию хориҷӣ конфронси илмию адабӣ баргузор менамояд. Ҳадаф аз баргузории чунин конфронс тақвияти робитаҳо дар ҳифз, густариш ва гиромидошти забони модарӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки дар донишгоҳ таҳсил бо се забон ба роҳ монда шуда,роҳбарияти донишгоҳ дар доираи барномаи мубодилаи академӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ (Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Италия) ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст, ки ин боиси афзудани таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ (1606 нафар) дар донишгоҳ ва васеъ шудани географияи кишварҳои хориҷӣ (аз 16 давлати хориҷӣ) гардидааст.Албатта, барои ҳар як фард донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш буда, инсонро ба рисолати азалӣ мепайвандад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти бузургиву неруи воқеии забони модарӣ гуфтаанд: “Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.”
Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.Ҳифзи гуногунзабонӣ ва ҳимояву рушди тамоми забонҳои дунё гуногунпаҳлугии фарҳангу тамаддуни мардумони оламро дар сайёра тақозо мекунад, зеро ин ҳама ғановати тамаддуни оламиён аст.Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо – Эмомалӣ Раҳмон мо соҳибзабононро пайваста баҳри посдории асолати забону фарҳангамон даъват намуда, дар суханрониҳои худ хирадмандона зикр намудаанд: «Дӯст доштан ва қадр кардани забони модарӣ ҳаргиз маънои бо он маҳдуд шудан ва аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ даст кашидани шаҳрвандони моро надорад».
Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат аст. Ба ин маънӣ дар даврони истиқлолияти кишварамон доираи истифодаи забони давлатӣ чи дар корҳои давлатдорӣ ва чи дар арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вусъати бесобиқа ёфт. Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, решаи дӯстии инсонҳоро ба вуҷуд меоварад.
Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Турсунова З.-шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа