Тоҷикистон- кишвари транзитӣ
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба марҳалаи нав – ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар муайян шудааст. Дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.
Зимнан, нақлиёти Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 143,1 ҳазор километри мураббаъ масоҳат, дар қисмати кӯҳсори Осиёи Марказӣ дар маркази чорроҳаи пайвасткунандаи шабакоти рушдёфтаи нақлиётии Шимол (шабакоти нақлиётии Руссия ва Қазоқистон) ва бандарҳои калони тиҷоратии байналмилалии Ҷануб (бандар-шаҳрҳои соҳили уқёнуси Ҳинд) ва дар масири шоҳроҳи кӯтоҳтарини тиҷоратии байни кишварҳои Шарқ (аз ҷумла, Ҷумҳурии халқии Хитой бо иқтисодиёти дорои суръати баланди рушд) ва Ғарб (Аврупо ва дигар давлатҳои тараққиёфтаи ҳавзаи баҳри Миёназамин) воқеъ аст.
Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмилалии кишвар маҳсуб меёбад. Бинобар ин, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарият ва Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз авлавиятҳои рушд муайян намуда, дар доираи Стратегия аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро муайян намуд, ки он дар Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ мегардад.
Айни замон, Созишномаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ қабул гардидаанд, ки ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирону бор байни ин кишварҳо равона гардида, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилиро тавассути ҳудуди кишварҳо таъмин менамояд. Ба гуфтаи масъулин мақсади асосии он пайдо намудани роҳҳои баромад ба бандарҳои баҳрӣ маҳсуб ёфта, аз тарафи дигар, ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои интиқолдиҳандагони ватанӣ мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ, қабули созишнома ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фароҳам овардани имконияти баромад ба бандарҳои баҳрӣ, аз ҷумла, бандарҳои Карочӣ ва Гвадари Ҷумҳурии Исломии Покистон, барои амалӣ намудани ҳамлу нақли мултимодалӣ ва пайвастшавӣ ба Долони иқтисодии Чину Покистон мусоидат хоҳад кард. Пайвастан ба Долони иқтисодии Чину Покистон (CPEC) мувофиқи мақсад буда, имкониятҳои хубро барои рушди тиҷорат, транзит ва ҳамлу нақли бор фароҳам хоҳад овард. Аз тарафи дигар, дастрасӣ ба бандарҳои баҳрии зикршуда барои интиқоли техника, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётию равғанҳои молиданӣ, ки асосан аз давлатҳои Япония, Малайзия, Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ ворид мегарданд, тавассути Ҷумҳурии Исломии Покистон бо роҳи нақлиёти автомобилӣ мусоид ва басо муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамин тавр, истифода аз бандарҳои баҳрӣ ва пайвастан ба долонҳои нақлиётӣ имконияти роҳ ёфтан ба кишварҳои дигари минтақа, инчунин, бо истифода аз усули интиқоли мултимодалӣ зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти ватаниро имконпазир менамояд.
Созишномаҳои пешниҳодгардида имконияти пайдошавии роҳҳои алтернативии интиқоли борро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад, ки дар шароити ҳозира муҳим ва саривақтӣ мебошад. Инчунин, барқарор намудани ҳамлу нақл ва транзит тавассути ҳудуди кишварҳои Покистон ва Туркманистон, таҳкими муносибатҳои дӯстонаю ҳамкориҳои дуҷониба, таъмини интиқоли мунтазам ва бехатари борҳо ва мусофиронро таъмин намуда, кам кардани хароҷоти нақлиётӣ ҳангоми интиқоли борҳо ба субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Интиқолдиҳандагони ватанию хориҷӣ тавассути ҳудуди Туркманистон интиқоли борро асосан ба самтҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон анҷом медиҳанд. Бо қабули созишномаи мазкур имконияти бештари баромадан ба кишварҳои дигари қитъаи Аврупо бо истифода аз бандари обии Туркманбошӣ тавассути баҳри Каспий пайдо мешавад. Аз тарафи дигар, масири нақлиётӣ тавассути ҳудуди Туркманистон барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалӣ ва интиқоли мултимодалӣ кӯтоҳтар ва мусоид маҳсуб меёбад.
Ҳамин тавр, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди ин навъи саноат афзоиши тавони рақобатпазирии колоҳои сохти Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ ва тавони содиротии кишвар, бунёди зерсохторҳои зарурӣ дар канори роҳҳои байналмилалӣ, корофаринӣ ва беҳбуди зиндагии мардумро дар пай хоҳад овард.
Турсунова З.-шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа