Иштирок дар имтиҳони малакаҳои амалӣ
Бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани имтиҳони малакаҳои амалӣ, аз санаи 13.12.2021 дар кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинии ба номи Я.А.Раҳимов барои курси 2-юми факултети педиатрӣ имтиҳонҳои ҷории сессияи зимистонаи соли таҳсили 2021-2022 оғоз гардид. Дар ду рузи аввал гуруҳҳои 1-ум, 3-юм ва 4-ум имтиҳон супориданд.
Қабули имтиҳони малакаҳои амалӣ дар кафедраи мазкур аз тарафи мудири кафедра н.и.т. Зокиров Р.Ҳ., профессорон Қурбонов С.С., Девонаев О.Т., профессори фахрӣ – Ашуров Қ.Э., муаллимони калон – Давлатов И.А., Саломзода Н.Р.. ассистентон – Файзиев Р.Ҳ., Муродова М. гузаронида шуд.
Бояд гуфт, ки садорати факултаи педиатрӣ дар раванди имтиҳон иштирок намуд.
Садорати факултаи педиатрӣ