СOVID-19 чӣ гуна вирус ҳасту ба саломатии инсон чӣ хатар дорад ва одамон чӣ тавр бояд худро аз бемории мазкур муҳофизат намоянд!
Пайдоиши вируси нав ба номи СOVID-19 шинохта шуда, яке аз вируси оилаи коронавирусҳо мебошад, хуруҷи ин вирус маротибаи сеюм аст, ки ба қайд гирифта мешавад. Аввалин бор як намуди ин вирусҳо моҳи ноябри соли 2002 дар музофоти Гуванҷу дар Ҷумҳурии мардумии Чин бо номи SARS, сарзада буд, ки дар натиҷаи хуруҷи ин вирус 8273 нафар заҳролуд шуда, 775 нафарашон ба ҳалокат расида буданд.
Маротибаи дуюм бошад маншаи ин вирус шутур дониста шуд, ки бо номи MERS номгузори гашт. Вируси MERS, ки он ҳам як навъи коронавирус шинохта шудааст, соли 2012 дар Арабистони Саудӣ пайдо гардид. Ин намуди вирус дар 23 давлати рӯи дунё паҳн гардид ва 1154 нафар сироят ёфта, 431 нафарашон вафот карданд. Акунун хуруҷи сеюми вируси мазкур бештар аз як сол мешавад, ки ташвиши умумибашариро ба вуҷуд овардааст, аллакай аз ҷиҳати хатарнокӣ аз сатҳи эпидемияи ҷаҳонӣ гузаштааст.
Дар натиҷаи беаҳамиятӣ ва риоя накардани гигиенаи шахсӣ, инсоният бо хуруҷи ин вирусҳо рӯ ба рӯ шуд. Риояи гигиена барои ҳар як шахс воқеан зарурӣ буда, натиҷаи хуруҷи ҳамаи ин бемориҳо риоя нанамудани тозагии гигиенӣ барои инсон аст. Тиб исбот намудааст, нафароне, ки ба тозагии гигиении худ аҳамият медиҳанд онҳо кам бемор мешаванд.
Таъсири шадиди ин беморӣ ба организми инсон ба таврест, ки таби бадани инсонро баланд намуда, ӯро сусту заиф менамояд, то ҳадде, ки ҳарорати бадани ӯ то ба 50 дараҷа мерасад ва ин дар ҳолест, ки ҷисми инсон тавони бардошти ҳарорати беш аз 42 дараҷаро надорад ва дар натиҷа инсон ба ҳалокат мерасад. Чанд вақт аст, ки дар ҷаҳон хуруҷи такрории бемории сироятии COVID-19 идома дорад.
Имрӯз аллакай ваксина ба зидди бемории сироятии COVID-19 ба давлатҳои ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шудааст ва дар Тоҷикистон тибқи тартиби дахлдор шаҳрвандон ваксина бар зидди бемории сироятии COVID-19 гирифта истодаанд.
Сарвати миллии ҳар як мамлакат саломатии шаҳрвандонаш маҳсуб мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи саломатии ҷомеа иқдомҳои заруриро роҳандозӣ намудааст, ки дар самти пешгирии бемории сироятии COVID-19 басо корсозу муфид аст. Танҳо шаҳрвандони моро мебояд, ки эҳтиёткор бошанд.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор