Тоҷикистонро танҳо худи тоҷикистониҳо обод месозанд


Тоҷикистонро танҳо худи тоҷикистониҳо обод месозанд

Ҳоло, ки мо дар остонаи сисолагии истиқболи истиқлол қарор дорем, бояд ба он дар иртиботи ногусастанӣ бошем ва ба сарнавиштамон бетаваҷҷуҳ набошем. Имрӯз ҳукумати кишвар барои бунёди як насли солиму худогоҳ талош дорад ва дар ин марҳилаи ҳассосу таърихсоз дар густариш ва беҳтар намудани ҳаёти маънавӣ саҳми муносиб мегузорад.

Асри мо асри мушкилоти азим аст, зеро аз як тараф, тамоюл ва гароишҳои сиёсӣ, аз сӯи дигар, хурофотҳои баъзе гуруҳҳои мазҳабӣ ва равияҳои ифротии динӣ роҳи асосии насли имрӯзаро ба иштибоҳ мебарад. Агар ба таърихи сӣ соли истиқлоли миллиамон бингарем, ин тафриқаандозон борҳо бо чеҳраҳои мухталиф мардумро ба парокандагии миллӣ даъват карданд ва муллонамоӣ намуданд. Онҳо ҳоло ҳам барои манфиати сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ сарнавишти миллатро ба савдо мегузоранд. Таърих нишон додааст, ки ихтилофҳои сиёсӣ-динӣ аз тавоноӣ ва маҷбурӣ рӯй медиҳанд. То имрӯз ҳеҷ низоми сиёсие вуҷуд надорад, ки тавонад сарчашмаи пайдоиши ин ихтилофотро муайян ва ошкор созад.

Лағжишҳои сиёсиву динӣ заминаҳои гуногун доранд, ки то ҷое хатарнок низ маҳсуб мешаванд. Чунончи камогоҳӣ ва камтаҷрибагӣ дар мизони ақида ва огоҳии хеле ками динӣ. Имрӯз мо шоҳид ҳастем, ки бо истифода аз эҳсосоти динӣ ва исми ислом одамон, бахусус ҷавонон таҳти таъсири таблиғот қарор мегиранд. Дар ин замина худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастии миллат аст. Дар ҳар вазъу ҳолат мо метавонем ҳастии худро ёбем ва барои майлу ҳадафи худ талош намоем. Ин шинохти мо кӯшишҳое мебошанд, ки моро ба сӯи ормонҳои истиқлол ҳидоят мекунанд ва маънии истиқлол низ худшиносиву ватандорӣ аст.

Истиқлоли давлатии мо, ки сӣ сол қабл насиби миллат гашт, дастоварди миллат аст ва эҳтироми он муҳим аст. Тоҷикистон кишваре аст, ки аз лиҳози таърихӣ давраҳои тиллоии тараққиётро, бахусус дар арсаи илм ва фарҳанг, таҷриба кардааст. Ин кишвар қодир аст роҳи рушду беҳбудӣ ва устувор дошта бошад. Имрӯз зери парчами истиқлол қарор дорем ва хешро самимона ва садоқатмандона дар роҳи истиқлол, ки пайроҳаи сулҳу субот аст, мепайвандем. Давлатдории имрӯзи мо падидаи нодире дар саҳнаи таърихи ҷомеаи башарият аст, ки аз гузаштаи бойи давлатдории мо дарак медиҳад. Бунёдкорӣ ва созандагӣ натиҷаи истиқлол аст.

Инак, халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-сол боз дар фазои сулҳу субот ва ҳамдилӣ зиндагӣ ба сар бурда истодааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Тоҷикистонро танҳо худи тоҷикистониҳо обод месозанд на каси дигар». Ин андешае аст, ки онро шиори худшиносии милат номем, ки он аз ҳар фарди тоҷик меҳнати созандаю эҷодкоронаро талаб менамояд. Нигоҳ доштани ҳамин ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани он тавассути аз худ намудани дастовардҳои илмӣ- техникии муосир бояд кори ҷонии ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бошад. Якдилию якдигарфаҳмӣ, қадрдонии ҳамдигарии аҳолии Тоҷикистон новобаста ба минтақаҳои сукунаташ шарти асосии пойдории сулҳу ягонагии миллат аст. Мо бояд дарк кунем ва бифаҳмем, ки дар дунёи иқтисоди бозоргонӣ ҳеҷ як давлате ба давлати дигар ёрии беғаразона расонидан намехоҳад. Танҳо ягонагии миллӣ, дӯстдоштани ватан, ягонагии халқ бо ҳокимияти сиёсӣ ва наздикии ҳокимияти сиёсӣ ба мардум, ин неъмати бобаҳоро пойдору устувор нигоҳ медорад.

Турсунова З. - шуъбаи иттилот ва робита бо ҷомеа


31.08.2021 243

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php