Эй ҳомии сулҳ ин ҳама аз заҳмати туст


Эй ҳомии сулҳ ин ҳама аз заҳмати туст

Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон дар фазои амну оромӣ зиндагӣ доранду шаҳри Душанбе ба як макони дилфиреб, шаҳри сулҳу ваҳдат, хонаи умеди тоҷикону тоҷикистониён мубаддал гаштааст. Иҷрои сари вақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо тадбирҳои кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ҳифзи муҳити зист ва омодагиҳо ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тозаю озода ва гулгулшукуфон нигоҳ доштани пойтахти азизамон самараҳои хуберо ба бор овардаанд. Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2019 рамзи Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо – «Сайри гули лола» барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардида буд. Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар он гулҳои лола, парасту, хуршед ва рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд.      

Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», ки ҳамасола дар кишвари мо баргузор мегардад аз зебоипарастӣ ва табиатдӯстии мардуму миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Агар нигоҳе ба таърих андозем, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ низ ба назар мерасад. Қадимӣ будани нақши лола дар мӯҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудаанд, беш аз 20 аср пеш аз мелодро ташкил медиҳад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст.        Воқеан, гул рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат мебошад. Гулҳои дилрабою гуногунранг дар тамоми гӯшаҳои мамлакат, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ          мебахшанд, падидаи беназир ва бесобиқаест дар замони соҳибистиқлолӣ.       

         Гар биҳишт ин ҷост Ҳаққо Тоҷикистони ман аст,

         Рашки ҷаннат дар Хуҷанду Рашту Хатлони ман аст.

Солҳои охир шаҳри Душанбе ба унвони амнтарин ва зеботарин пойтахтҳои минтақа табдил ёфта, ба маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мубаддал гаштааст. Ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо, пеш аз ҳама бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гаштааст.

Роҳбарияти донишгоҳ ташаббусҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати шинонидани навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар ин масир саҳмгузор аст. Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои саривақтии қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати зебою озода намудани шаҳри Душанбе, тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ, дар донишгоҳ шанбегиҳо гузаронида мешавад. Кормандону донишҷӯёни донишгоҳ бо як руҳияи баланди ватандӯстӣ ба тозаю ороста намудани атрофи биноҳои донишгоҳ камари ҳиммат баста, ба пойтахт ҳусни тозае зам намуданд.

Худованд миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолияш бо ҳидоятҳои сарвари хирадпешаю сипоҳсолораш, ки бо хислатҳои сулҳоварӣ ва зебоипарастияш машҳури ҷаҳониён гаштааст ва бо ахлоқу рафтори ҳамидаи сокинонаш ва фарҳанги волои шаҳрдорӣ Душанбешаҳрро ба «шаҳри накӯкорон» табдил дод ва барои ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистони азиз заминаи мусоид фароҳам овард.

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


24.08.2021 276

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php