Якшанбегӣ дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” баҳри ободу зебо ва тозаю озода гардонидани пойтахти Ватани азизамон - шаҳри Душанбе


Якшанбегӣ дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” баҳри ободу зебо ва тозаю озода гардонидани пойтахти  Ватани азизамон - шаҳри Душанбе

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои раёсат, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ рӯзи якшанбе, санаи 15.08 соли 2021 дар донишгоҳ якшанбегии дастҷамъона гузаронида шуд.

Дар якшанбегӣ зиёда аз 600 нафар аъзои раёсат, донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандон иштирок какрданд. Онҳо баҳри ободию шукуфоӣ, тозагию назофат ва сабзу хуррамгардонии муҳити таълим ва истиқомати шаҳрвандони шаҳри Душанбе, дар саҳну гирду атрофи бинои асосии таълимию маъмурии донишгоҳ, Маҷмааи нави таълимии воқеъ дар шаҳраки Шифобахш ва хобгоҳҳои донишгоҳ дастаҷамъона ширкат варзиданд.

Дар шанбегӣ дохил, саҳн ва гирду атрофи биноҳои маъмурию таълимӣ, бинои асосии маъмурию таълимӣ, бинои химия, Маҷмааи нави таълимии шаҳраки Шифобахш, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии “Стоматология”, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ ва хобгоҳҳои №1-7-и донишгоҳ, ҷӯйборҳои обгузар, роҳравҳо, истгоҳҳо, гулгаштҳои хиёбонҳои Рудакӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфон, Алишер Навоии воқеъ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино тозаю озода карда шуда, бехи дарахтону буттаҳо ва гулҳои садбарг нарм карда шуданд. Рангубор кардани деворҳои бинои 3-ошёнаи хобгоҳи №1-и донишгоҳ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 141 давом дода шуд.

Ҳашарҳои дастҷамъона, шанбегию якшанбегиҳо дар донишгоҳ хусусияти доимӣ гирифта, таҳти назорати ректори донишгоҳ қарор дорад. Имрӯзҳо, ки шаҳри Душанбе ба як макони дилфиреб, макони гулгаштҳои зебою беҳамто, фаввораҳои беназир, шаҳри сулҳу ваҳдат, хонаи умеди тоҷикону тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон мубаддал гардидааст, ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино низ дар ободу зебо ва тозаю озода гардонидани пойтахти Ватани азизамон - шаҳри Душанбе саҳмгузорӣ менамояд.                                     

Сардори Хадамоти ректор Носирӣ Қ.Н.


16
15
14
13
12
11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
16.08.2021 266

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php