Тоҷикистон ватани орзуҳост


Тоҷикистон ватани орзуҳост

Тоҷикистон мисли давлати Сомониён аз ҷиҳати ҳудуд бузург нест, вале меросбари он аст. Хеле кӯчак аст, лекин рисолати бузурги таърихӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи тоҷикон аст. Кишвари мо чун давлати ҷавон дар миёни дигар мамолики сайёра имрӯзҳо бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатию ҳунармандии хеш шуҳратёр гардидааст. Тоҷикон аз азал чун қавму миллати соҳибтамаддуну фарҳангсолор ва ҳунарманду адабиётдӯст миёни халқиятҳои дигар нуфузу мавқеи хосаро соҳиб буд. Ин нуфуз ба мо маҳз тавассути соҳибқаламону фарҳангиён ва истеъдодҳову аҳли ҳунарамон ба даст омадааст ва рисолати аслии мо ҳимояи он ва мерос гузоштанаш ба ояндагон аст. Гувоҳи ин гуфтаҳо вуруди шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба хоки Тоҷикистони соҳибтамаддун аст. Ҳамин зебоии мафтункунанда боис гардида, ки ҳар сол теъдоди барзиёди сайёҳон аз он дидан месозанду хотироти некеро бо сокинони ин сарзамин бо худ ба дуриҳои дур мебаранд. Чашмаҳои шифобахшу гиёҳҳои муолиҷавӣ, ки ҳамагӣ табиианду дархӯри дарди мардум маҳз дар Тоҷикистон ёфт мешавад. Меҳмондории боварнокарданӣ, эҳтироми хосу ом, сухандонии олимонаву шоиронаву адибона, забони ширину фасеҳ, зебоии бемислу монанд, ки ҳамагӣ зебу ороиши тоҷиконанд. Ҳунарманданду адабиётдӯст, сухандонанду соҳибистеъдод. Табиати афсункор тоҷиконро чунон офарида, ки бо вижагиҳои хеш тафовут доранд аз дигар халқиятҳо.

Имрӯз нодида гирифтани саъю талош ва ҷидду ҷаҳди миллати тоҷик баҳри боз ҳам гул-гулшукуфоии диёраш амали нотавонбинона аст. Биёед, ба таърихчаи начандон дуре, ки миллати боҳушу бонанги моро ба ҳам бори дигар пайваст, як назар афканем. Баъди кашмакашу озорҳои зиёд мо тавонистем, ки аз гуноҳи ҳам бигзарем, дасти ҳамдигарро бифишорем, оштӣ кунем ва дар канори ҳам боз кору фаъолият намоем. Дар ҷаҳон кам нестанд миллатҳое, ки даҳсолаҳост, ки хуни ҳамдигар мерезанд, хонаи ҳамдигарро месӯзонанд, аммо ба сулҳу салоҳ намерасанд. Пас, месазад, ки ифтихор аз ин миллату ин сарзамин кунем.Гузашта аз ин, миллати ин сарзамин созанда аст. Пас аз пош хӯрдани ҳукумати шӯравӣ ҷумҳурии ба вартаи ҳалокат дучоргардидаи мо ба мисли барраи аз рама қафомондае буд, ки ӯро аз чор тараф гургон иҳота карда буданд. Мурод аз ин тамсил ҳамсоякишварҳои мост, ки бо истифода аз фурсати муносиб мехостанд ба сарватҳои ғании ин сарзамин дастдарозӣ кунанд.

Ифтихор аз Роҳбари ин миллат, пешво ва доҳӣ, ки тавонист дар лаҳзаҳои душвори сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҷилави ин аспи мастро, ки номаш бозии таърих аст, бигирад, то ин ки ин Ватан ва ин миллат порча-порча нашавад. Сиёсати хирадмандонаи ӯро дастгирӣ менамоем ва пос медорем он хизматеро, ки барои ин миллат намудааст. Хушо бар ҳолат эй миллату сарзамине, ки чунин Сарвари ғамхору мададгор дорӣ!

Имрӯз Тоҷикистон на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон мақоми худро пайдо намудааст. Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ буда, асолати башардӯстона дорад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон дар қонуни асосӣ – Конститутсия (Сарқонун)-и мо ҳифз карда мешавад, ки яке аз беҳтарин дастовардҳои замони истиқлолият мебошад.

Дигар муқаддасоти кишвар, ки мо аз он ифтихор дорам, забони тоҷикист, ки аз шаҳду шакар ҳам ширинтар аст. Бо ин забон бузургон шеър гуфтаанд, рисолаҳои илмӣ таълиф намудаанд ва дар васфи ин Ватан таронаҳо сурудаанд. Ин забон дар Ватани маҳбуби мо ҳамеша ҳифз карда мешавад ва паҳлуҳои гуногуни он мавриди пажӯҳиш қарор мегиранд, ки ин ҳам далели дигари ободонии Ватани маҳбуби мо аст.Чизи дигаре, ки далели шикастнопазирии ин Ватану ин миллат аст, сохтмони иншооти азими аҳамияти стратегидошта мебошад.Бояд тазаккур дод, ки қомат афрохтани бинои мактабҳо, коллеҷу донишгоҳҳо низ аз пешравию шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо дарак медиҳад.

Сарвари давлат дар ҳар як паёму суханрониҳояшон пайваста аз боби ватандорию ватандӯстӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ, ба қадри ин хоку ин сарзамин расиданро таъкид менамоянд. Дар яке аз Паёмҳо маҳз ин нуктаро бори дигар хотиррасон намуданд ва таъкид карданд, ки ба ҳар гуна дасисаю иғвогариҳои бадхоҳони миллат бовар накунед, ақли солимро ба кор баред ва барои ободию шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо аз ҷону дил хизмат кунед. Ин ҳама ғамхорию меҳрубониҳои падарона, ташаббускорию бунёдкориҳо меҳри моро нисбати ин сарзамин, ин меҳани ҷаннатосо меафзояд ва бо дили гарму сари баланд хизмати Ватани азизамонро ба ҷо меорем.

Ватане, ки сулҳофару ваҳдатфизост, Ватане, ки хонаи умеди тоҷикони кулли дунёст, дар он даҳҳо халқиятҳо паҳлуи ҳам зиндагӣ мекунанд ва ин макони биҳиштосоро Ватани аслии худ мешуморанд, Ватане, ки моро чун модари ғамхор дар оғӯши гарми худ гирифта намегузорад, ки хоре дар поямон халад, мояи ифтихори мост!

Зиҳӣ, эй Ватан, эй Тоҷикистони биҳиштосои ман!

Хуллас, Тоҷикистон арзанда ба ҳама каломи булуғу фасеҳ аст, аммо ҳамакнун дигар ҳоҷат ба муаррифӣ нест, зеро худ муаррифӣ шуда. Месазад гуфт, чашмаи ҳунару истеъдод, малакаву маҳорат ва таҷрибаи ғиноии тоҷикон маншаъ аз гузаштагон гирифта, саршори меҳр асту ихлосу боварӣ ва дар ҷараён ҷониби ояндагон. Бигузор ин чашма ҳаргиз хушк нагардаду чашмаҳои хурди дигар ба он зам шаванд ва он табдил ба баҳри азими ҳунару истеъдод гардида, коми оламиёнро тар ва табъашонро болида гардонад.

Турсунова З.Г. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


13.08.2021 1363

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php