Пойтахт- симо ва оинаи давлату миллат аст


Пойтахт- симо ва оинаи давлату миллат аст

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим таъкид менамоянд, ки “Пойтахт симо ва оинаи давлату миллат буда, рафъи камбудиву мушкилоти мавҷуда ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани он вазифаи на фақат мақомоти шаҳр, балки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад”.

Воқеан ҳам имрӯз симои пойтахти азизамон ба куллӣ дигар ва он аз нав ҷавон гаштааст. Қомат афрохтани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои савдою маишӣ, қасру биноҳои маъмурӣ, боғу гулгашт ва хиёбонҳои афсонавӣ, роҳу пулҳои ҳамвору васеъ аз ҳиммати баланду ниятҳои неку ободкоронаи роҳбарият ва мардуми заҳматпешаи пойтахти кишвар дарак медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон ва масъулони шаҳри Душанбе таъкид доштанд: “Агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем”.

Душанбе ҳамчун қалби Тоҷикистони азиз рӯз ба рӯз, соат ба соат шукуфонтару гуворотар мегардад. Баҳри амалӣ гаштани нақшаҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ, бахусус раиси имрӯзаи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ саъю талоши зиёде мекунад. Дар пайи сохтмонҳо ва ободкориҳои хеле зиёд шаҳри Душанбе маркази бузурги сиёсиву фарҳангӣ ва илму маданият шуд. Бо ибтикори роҳбарияти кишвар дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе даҳҳо маротиба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ баргузор шуданд. Дар ин гуна ҳолатҳо мардуми ҷаҳон шоҳиди мизбонии беҳтарини Душанбе шудаву аз шеваи ободкорӣ, меҳмондорӣ ва ташкилотчигии тоҷикон ба ҳайрат омаданд. Дигаргуниҳои ҷиддӣ, осоишу ободӣ ва шоҳкориҳои Душанбе боис шуд ва пойтахти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ маҳбубияти зиёдеро соҳиб гашт. Ҳамин тавр, соли 2004 аз ҷониби ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе ҷоизаи “Шаҳри сулҳ” - барои таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ ва такроран соли 2016 аз ҷониби “Бунёди роҳи абрешим” барои таъмини суботу оромӣ, амнияту ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву адён ва рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ бо ин ҷоиза сарфароз гардонида шуд.

Дар баробари ин, шаҳри Душанбе аз тарафи созмону нашрияҳои байналмилалӣ ҳамчун шаҳри “Барои сафари тирамоҳӣ ҷолибтарин”, “Барои сафари баҳорӣ ҷолибтарин” ва “Шаҳри амнтарин” дар ҷаҳон эътироф шуда, соли 2017 дар қатори 20 шаҳри тамошобоби қитъаи Осиё ҳисобида шуд. Инчунин, давоми солҳои 2020 - 2021 Душанбе - пойтахти сайёҳии кишварҳои узви СҲИ ва соли 2021 – пойтахти фарҳангии ИДМ эълон карда шуд.

Ин ҳама дастовард, пешрафт ва тағйироте, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба амал омадааст, воқеан беназир ва боиси таҳсину ифтихор аст. Умед аст, ки бо анҷоми масъулият аз ҷониби масъулон ва аҳли ҷомеа, Душанбеи азизамон, ки ганҷест дар қалби Осиё, оянда боз ҳам шукуфонтар ва гуворотару ҷолиб мегардад.

Турсунова З.Г. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


13.08.2021 313

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php