СУТ тахмин мезанад, ки ҳар сари чанд вақт коронавирус метавонад мутация кунад
Ҳар қадаре, ки интиқоли вирус зиёд шавад, имкониятҳои мутацияи он боз ҳам зиёдтар мешаванд, хабар додааст намояндаи Созмони умумиаҳонии Тандурустӣ (СУТ) Мелита Вуйнович ба "Российская газета".
" Мутация давра ба давра рух медиҳад. Он бо ҳар як интиқол ва 'транскрипсияи' РНК -и вирусӣ рух медиҳад. СУТ вариантҳои пайдошударо назорат мекунад. Баъзе аз онҳо (алфа, бета, гамма ва дельта) вариантҳои нигаронкунанда мебошанд. Ва ин таснифот дар асоси имконоти мониторинге, ки қобили таваҷҷуҳ аст, мунтазам нав карда мешавад. Масалан, "лямбда" яке аз вариантҳои таваҷҷӯҳҷалбкунанда буда, ҳоло мавриди пайгирӣ қарор дорад", афзудааст Вуйнович.
Дар ҳоли ҳозир, бино ба назорати СУТ "лямбда" варианти "дельта"-ро "тела намедиҳад", аммо амалан "дельта" "варианти алфа" -ро иваз кардааст", иброз доштааст ӯ.
Намояндаи СУТ таъкид мекунад, ки танҳо ваксина дар ҳоли ҳозир қодир аст инсонро аз шиддати вируси мутатсияшуда муҳофизат намояд. "Қайд карда мешавад, ки бо зиёд шудани шумораи эмшудагон, дар беморхонаҳо ва шӯъбаҳои эҳё, шумораи беморон кам мешавад. Истеҳсолкунандагони гуногуни ваксинаҳо дар бораи ваксинаҳои мушаххаси худ маълумот нашр кардаанд ва мо пешниҳод мекунем, ки хусусан варианти "дельта" мавриди омӯзиш қарор гирад”,- илова намуд Вуйнович.
RG.Ru
Тарҷумаи Муҳидинова М.