Кишвари паҳновару бахтоварам!
Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардидааст.
Ин нуфуз ба мо маҳз тавассути соҳибистиқлолии кишвар ба даст омадааст ва рисолати аслии мо ҳимояи он ва мерос гузоштанаш ба ояндагон аст. Гувоҳи ин гуфтаҳо вуруди шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба хоки Тоҷикистони соҳибтамаддун аст. Дар соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор нафарашон сайёҳон будаанд.
Табиати нотакрор,зебоиҳои мафтункунанда боис гардида, ки ҳар сол теъдоди барзиёди сайёҳон аз он дидан месозанду хотироти некеро аз сокинони ин сарзамин бо худ ба дуриҳои дур мебаранд. Чашмаҳои шифобахшу гиёҳҳои муолиҷавӣ, ки ҳамагӣ табиианду дархӯри дарди мардум маҳз дар Тоҷикистон ёфт мешавад. Меҳмондории боварнокарданӣ, эҳтироми хосу ом, сухандонии олимонаву шоиронаву адибона, забони ширину фасеҳ, зебоии бемислу монанд, ки ҳамагӣ зебу ороиши тоҷиконанд. Ҳунарманданду адабиётдӯст, сухандонанду соҳибистеъдод. Табиати афсункор тоҷиконро чунон офарида, ки бо вижагиҳои хеш тафовут доранд аз дигар халқиятҳо.
Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар кишвар эълон шудани солҳои 2019 –2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” хеле бамаврид аст. Зеро, табиат ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он заминаи мусоид фароҳам овардааст. Танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ буда, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозгӯи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.
Ҳукумати мамлакат барои таҷдид ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар корҳои зиёдро ба сомон расонида истодааст. Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш иброз намуданд, ки «ҳоло дар кишвари мо беш аз 2000 ёдгориҳои таърихиву меъморӣ мавҷуданд. Вале то имрӯз дар 695 ёдгории таърихиву меъморӣ корҳои илмиву бостоншиносӣ ва навсозиву барқарорсозӣ оғоз нагардида, онҳо дар ҳолати ниҳоят хароб қарор доранд».
Дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳо тезутунд мешавад, омӯхтану аз ҷиҳати илмӣ таҳқиқ кардани мероси гузаштагон, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ҳифзи ин арзишҳо, таҳқиқи илмӣ ва омӯзиши амиқу ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини аҳли илм, эҷод, зиёиёни кишвар ва тамоми мардуми бедордил ба шумор меравад.
Эҳёи арзишҳои миллии ниёгони кишвар барои боз ҳам фарохтар намудани имкониятҳои рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат мусоидат менамояд.
Гузашта аз ин, ҷавонон бояд аз анъанаҳои ҳунармандии халқи тоҷик огоҳ бошанд. Инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорат мусоидат менамояд.
Турсунова З.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа